Маълумоти охирин
Главная / Биология / Наврӯзӯ

Наврӯзӯ

Наврӯзӯ гули наврӯзӣ, наврӯзгул, гули баҳор, гу­ли саврак (Juno),ҷинси гиёҳҳои пиёзакбехи бисёрсолаест аз савсаниҳо; гули маъмули навбаҳор. Баландиаш 10—50 см. Баргҳояш одатан досшакл буда, дар поя пай дар ҳам ҷой гирифтаанд. Баргҳои қисми поёни поя нисбат ба баргҳои қисми боло дароз ва барашон васеъ аст. Дар як бехи Наврӯзӣ аз 1 то 8-то гул мешукуфад. Ғӯзааш 3-паллаи сертухм аст. Дар шароити табиии Тоҷикистон намудҳои гуногуни Наврӯзӣ аз январ то июл гул мекунанд. Дар дунё 46 намуди Наврӯзӣ (Афғонистони Шимолӣ, Эрон, Осиёи Хурд, Осиёи Пеш, соҳилҳои баҳри Миёназамини Африкаи Шимолӣ) вуҷуд дошта, 31  намуди он дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (асосан дар Осиёи Миёна, инчунин Қазоқистон, Закавказия) мерӯяд. Дар Помиру Олой мувофиқи маълумоти «Флорам РСС Тоҷикистон» (русӣ, ҷ. 2, М.— Л., 1957) 14 намуди худрӯи Наврӯзӣ маълум аст. 7 намуди он (J. baldshuanica, J. bucharica, J. maracandica, J. leptorrhi- za, J. popovii, J. rosеnbachiana, J. tadshikorum) растаниҳои эндемӣ, яъне xocu маҳаланд. Ранги гули Наврӯз асосан зард (J. parvula, J. linifolia, J. orchioides, J. bucharica ва ғайра) ва бунафш (J. roscnbachiana, J. nicolai, J.-narbutii, J. vicaria ва ғайра) мешавад. Дар байни тоҷикон аз қадимулайём намудҳои гулашон зарди Наврӯзӣ бо номи «гули наврӯзӣ» ва гулашон бувафш ё бувафши сиёҳтоб бо номи сиҳгӯши (сиёвуш) машҳур гаштаанд. Аз навъҳои зардгули Juno махсусан Наврӯзии           б у х о р ӣ (J. bucharica,) васеъ паҳн шудааст. Баландиаш 10—50 см, пиёзакаш ғафс (1,5— 2,5 см), баргаш досшакл (дарозиаш 5—3 см), гулаш зард (дар як бех 1—4-то). Дар давоми март—май мешукуфад. Бештар дар ҷангалзори гармсер (шиблак), буттазори сирак, алафзор, нишебиҳои регу санглохи қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (600—1800 м аз сатҳи баҳр) нумӯ мекунад. Наврӯзӣ аз пиёзак ва тухмаш зиёд ме­шавад. Пиёзаки онро тобистов ё ав- вали тирамоҳ ба ҷукурии 5—8 см кучат мекунанд. Тухмашро тирамоҳ мекоранд. Наврӯзии аз тухмруста баъди 4—5 сол гул мекунад. Дар шароити Душанбе март ва аввали апрел шукуфта, тухмаш охори май ё аввали июн мепазад.       .           * Наврӯзиро ҳамчун гули навбаҳор дар сабзамайдон ва гулгаштҳо дар бай­ни дигар гулҳои навбаҳор гурӯҳ-гурӯҳ парвардан бехтар аст. Ад.: ТСветоводство Таджикистана, Д., 1965; Алексеев Ю. В. [ва дигарон], Тра­вянистые растения ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, т. 1, М., 1971; Справочник тсветовода, М., 1971; Декора­тивные травянистые растения для отк­рытого грунта ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, т. 1, Л., 1977.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …