Маълумоти охирин

Наврӯз

Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии халқҳои эронӣ (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ ҷорӣ шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ — 1-уми фарвардин (ҳамал) ё 21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо «Иди сари сол» ва «Иди Соли нав» низ меноманд. Тақрибан 3 ҳазор сол муқаддам пайваста ба инкишофи деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ва ривоҷ ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо асотири космогонӣ оид ба табиати муранда (дар зимистон) ва зиндашаванда (дар баҳор) вобаста будааст. Дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмии эрониён табдил ёфт. Аксарияти асотиру ривоятҳои босто­нӣ оғози ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Дар Осиёи Миёна ва Эрон аз асри 7 то мелод тақвими авестоӣ ҷорӣ буд. Мувофиқи ин тақвим солро ба 12 моҳи 30 рӯза тақсим карда буданд. Ҳар 30 рӯзи моҳ номҳои махсус дошт, ки яке аз он рӯзҳо бо номи он моҳ ҳамном буд ва он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз ин 12 ҷашн 3-тоаш аз сабаби он ки дар ин рӯзҳо ҳолати табиат тағйир меёфт, муҳимтар шуморида мешуд. Ҷашни аввали баҳорро Наврӯз, ҷашни аввали тирамоҳро Меҳргон, ҷашни рӯзи 10-ум и баҳ- манмоҳ (30 январ)-ро, ки панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз меомад, Сада мегуфтанд. Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз, ҳангоми эҳёи табиат, оғози мавсими баҳории киштукори деҳқонӣ буда, нисбат ба дигарон ҷашнҳо эътибори бештаре дошт. Дар бораи чанд рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз ақидаҳои мухталиф мавҷу- данд. Мувофиқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ шоҳони сосонӣ Наврӯзро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд. Онҳо рӯзи аввали Наврӯзро бо қабулу пазироии мардум мегузарониданд. Рӯзи дуюм мансабдорон ва давлатмандонро қабул намуда, суҳбат меоростанд. Рӯзи сеюм мубадон (рӯҳониёни аҳли зардушт), рӯзи чаҳорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум фарзанду хешу таборонро пазироӣ мекарданд. Рӯзи шашум, ки расид, худи шоҳ Наврӯзро ид мекард. Барои ҳамин ҳам ҷашни рӯзи шашумро Наврӯзи Бузург номидаанд. Бояд қайд кард, ки дар Осиёи Миёна, Эрон, Озарбойҷон Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтаанд ва рӯзи 13-ум аз манзили худ ба берунӣ шаҳр ба сайл мебаромадаанд, ки онро ҳоло дар «Эрон «Сенздаҳбадар» меноманд. Арабҳо баъди истилои Осиёи Миёнаю Эрон кӯшиш карданд, ки ҷашн- ҳои қадимаю анъанавии халқҳои маҳалллиро аз байн баранд. Вале халқ ба тазйиҷ ва мамониати аҷнабиён нигоҳ накарда, Наврӯзро ҷашн мегирифт. Арабҳо ноилоҷ Наврӯзро «Суннати Ҷамшед» номида, ба ҷашнгириаш иҷозат доданд. Ба ивази ҳафт шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, пиннӣ, шир, шона) ҳафт син ҷорӣ шуд: дастархонро бо ҳафт навъи неъмат, ки бо ҳарфи син шурӯ мешуд, оро медоданд: сирко, сабзӣ, сумоқ, санҷит, сир, себ ва сипанд. Дар баъзе хонаҳои ба ҷои сумоқ ва сипанд сабза, суманак ё санбӯса ҳозир мекунанд. Дар аҳди Сомониён барои равнаки анъанаҳои бостонии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин давра Наврӯз ва Садаю Меҳргон васеъ ҷашн гирифта мешуданд. Мувофиқи маълумоти Абӯбакр Муҳаммеди Наршахӣ Наврӯзро аввал кишоварзон дар рӯзи 1-уми фарвардин, баъд панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ид мекарданд, ки аз ин рӯ «Наврӯзи кишоварзон» ва «Наврӯзи муғон» меномиданд. Аксари шоирони асрҳои 10—11 дар васфи Наврӯз, Меҳргон ва Сада шеърҳо офарида- анд. Наврӯз дар аҳди Ғазнавиён, Салчуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто баъди истилои муғул аз тарафи халқи меҳнаткаш ботантана ид карда мешуд. Мардум ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, хонаҳоро рӯбучин карда, тоза нигоҳ медоштанд ва оро медоданд. 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои мах­сус гандуму адас сабзонида, дар рӯи дастархон мегузоштанд ва омади кишти деҳқониро аз рӯи ҳолату сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд. Ба истиқболи ин ҷашн таомҳо, ҳал­вою шириниҳои гуногун мепӯхтанд. Хонҳои наврӯзиро бо ҳафт навъи мева, самбӯсаю нонҳои гуногун зинат медоданд. Аз ҳафт дарахти ме­ва ҳафт шохча бурида, рӯи дастар­хон мениҳоданд. Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Қаротегину Дарвоз, Бадахшону Кӯлоб ва дигар ҷойҳо идгоҳҳои махсус вуҷуд дошт. Ҳаргуна дилхушиҳо ва бозию сайрҳои халқӣ баргузор мегардид (дар баъзе ноҳияҳои хозираи Тоҷикистон, аз ҷумла дар Ленинобод Наврӯзро 21 март не, балки 7 март ҷашн мегиранд). Пас аэ Рев. Каб. Сотсиалистии Октябр ин ҷашни куҳан мазмуни нав пайдо кард. Ҳоло бародарони ӯзбек, озарбойҷонӣ ва дигар халқҳои Кавказ мис- ли тоҷикон 21—22 март Наврӯзро тантанавор қайд менамоянд. Рӯзҳои ид дар шаҳру деҳот зиёфатҳо барпо мекунанд, мерақсанд, шеъру суруд ме- хонанд, ҳашарҳо ташкил намуда, шаҳру деҳаҳо, роҳу ҷуйҳоро ба тартиб меоваранд, ниҳолҳо мешинонанд. Дар ин ҷашн мардум аз рӯи анъана қабри гузаштагони худро зиёрат мекунанд, онро ба тартиб меандозанд, Одамон якдигарро бо ид табрик менамоянд, ба меҳмонӣ таклиф мекунанд, ҷавонон дар ҷойҳои хушманзара сайр мекунанд. Наврӯз дар замони мо ба иди оғози нек, меҳнат, иди назм, тарабу нишот, ҷавонӣ ва дӯстии халқҳо табдил ёфтааст. Омар Хайям, Трактаты, М., 1961; Аҳ­мадов Р., Наврӯзи оламафрӯз, Д., 1978.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …