Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Навоварӣ

Навоварӣ

Навоварӣ зоҳиршавии навигарӣ дар фаъолияти одамон, ифодаи  қобилияти эҷодии инсон дар меҳнат.

Сотсиализм барои бемалол зодир намудани истеъдод ва қобилияти эҷодии одамон имконият фароҳам меоварад. На барои истисморгарон, балки барои худашон, барои ҷамъияти худ кор карданашонро фаҳмидани меҳнаткашон,— гуфта мешавад дар Программаи КПСС,— шавқу завқи меҳнатӣ, навоварӣ, ташаббуси эҷодӣ, мусобиқаи оммавии сотсиалистӣ ба вуҷуд меоварад.

Навоварии меҳнатӣ ҳамчун манбаи беинтиҳои афзун кардани маҳсули меҳнат ва тезонидави пешрафти илмию техники аҳамияти калони иқтисодию иҷтимоӣ дорад. Навоварӣ яке аз сарчашмаҳои мусобиқаи сотсиалис­тӣ, муносибати коммунистӣ ба меҳнат, баланд бардоштани дараҷаи маданию техники ва ихтисоси меҳнат­кашон мебошад.

Таърихи инкишофи Навоварӣ дар саноати ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ бевосита ба пайдоиши ҳаракати зарбдорӣ алоқаманд аст. Дар солҳои панҷсолаи 1-ум бригадаҳои ихтироъкорӣ, техникии мустақил ба вуҷуд омаданд, ки мақсади онҳо ис- теҳсолоти навро аз худ намуда, им­порти маҳсулоти саноатиро кам кар­дан ва просесса аз нав таҷҳизонии корхонаҳоро тезонидан буд. Марҳалаи муҳими инкишофи Навоварӣ бо номи А. Стаханов алоқаманд аст. Ҳаракати страновӣ (1935) дар ташкили нави меҳнат, такмили просессҳои технологи, тақсими дурусти меҳнат дар истеҳсолот, озод кардани коргарони касбӣ аз корҳои ғайриасосӣ ва ташкили дурусти ҷой кор зоҳир гардид. Навоварии сотсиалистӣ дар шароити ҳозираи револютсияи илмию техникӣ, ки дар қувват додани қобилияти эҷодкории меҳнаткашон таъсири калон дорад, ривоҷ меёбад.

Солҳои 60—70 ташаббуси Навоварӣ характери коллективӣ гирифта буд. Ташаббуси мошинсозони Саратов бе нуқсон истеҳсол кардани маҳсулот (1963), коргарони Свердловску Ри­бинск (ҷорӣ намудани НОТ, 1967), коргарони заводи металлургии Сибири Ғарбӣ (пеш аз муҳлат ба кор андохтани иқтидорҳои лоиҳавӣ, 1968) ва ғайра васеъ паҳн шуда буд. Навоварии омма­вии техникӣ, ихтироъкорӣ ва такмилдиҳӣ дар саноат, хоҷагии қишлоқ, сохтмон, нақлиёту хизмати маишӣ омили минбаъд баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот гардид. Ташаббусҳои эҷодии меҳнаткашон шаклҳои нави ташкил ва инкишофи навовариро ба миён оварданд (дар корхонаҳо барпо намудани совети навоварон, бюродои ҷамъиятии конструкторию технологӣ ва бригадаҳои комплексӣ ва ғайраҳо). Дар инкишоф додани ҳаракати Навоварӣ Ҷамъияти умумииттифоқии ратсионализаторону ихтироъкорон роли калан бозида ис­тодааст. Инкишоф додана Навоварӣ, эҷодиёти техникии оммавии меҳнаткашон вазифаи муҳими органҳои хоҷагӣ ва ташкилотҳои касабавию комсомолӣ мебошад. Дар инкишофи Навоварӣ кори ташкилӣ ва идеологии КПСС аҳамияти ҳалкунанда дорад. Партия мунтазам оммаро ба амалиёти фаъолона сафарбар мекунад, дар коллектив барои эҷодкорӣ шароит муҳайё ме­намояд, ба муқобили консерватизм ва касодӣ мубориза мебарад.

Навоварӣ шакли мукаммали ҳаракати зарбдорию стахановӣ ва тазоҳуроти рушду камоли шахс мебошад, ки намояндагони он дар РСС Тоҷикистон низ ҳастанд. С. Боқиева, Қ. Асадова, М. Демко, А. Шилников, М. Дадобоева барин садҳо навоварон ва пешсафони мусобиқаи сотсиалисти анъанаи навоварони плани панқсолаи 1-ум Никита Изотов, Алексей Стаханов, Пётр Кривонос, Макар Мазай, Паша Ангелина ва Мария Демченкоро давом дода, пешсафи мусобиқаҳои сотсиалистӣ шуда меҳнат мекунанд.

Ад.: Материалы 26 съезда КПСС, М., 1981: Новаторы, М., 1972; Сотсиалистическое соревнование в промышленности ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, м.. 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …