Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Навоӣ Низомуддин Алишер

Навоӣ Низомуддин Алишер

Низомуддин Алишер (9. 2. 1441, Ҳирот — 3. 1. 1501, ҳамон ҷо), шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек, ходими давлатӣ. Падари Н. Ғиёсуддини Кичкина аз амалдорони хонадони Темуриён буд. Ӯ чун ҳаводори шеъру шоирӣ дар хонааш бо адибони давр сӯҳбатҳо меорост. Навоӣ аз овони кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавку ҳаваси зибде зоҳир намуд ва дар 15- солагиаш ҳамчун шоири зуллисонайн, ки ба забонҳои ӯзбекии қа­дим— туркии чиғатой бо тахаллуси «Навоӣ» ва форсӣ-тоҷикӣ бо тахалуси «Фонӣ» эҷод мекард, машҳур гашт. Навоӣ дар Ҳирот, Машҳад ва Са­марқанд таҳсили илм кардааст. Соли 1469 Навоӣ мӯҳрдори ҳукмрони Хуросон Ҳусайни Бойқаро таъин гардид ва баъдтар (1472) Вазифаи вазир ва унвони амирро соҳиб шуд. Навоӣ чун арбоби давлатӣ барои ободонии мамлакат, сохтмони мадрасаҳо, шифохонаҳо кӯшиши зиёд менамуд, ба олимон, рассомон, мутрибон, шоирону хушнависон доимо дасти ёрӣ дароз мекард. Якҷоя бо устодаш Абдутраҳмони Ҷомӣ ба ҳаёти илмӣ, адабӣ ва мадании давр сарварӣ мекард. Солҳои 1447—1449 Навоӣ дар яке аз ноҳияҳои дурдаст Астаробод ҳоким таъ­ин шуд, вале баъд аз ду сол ба ҲИрот баргашта аз корҲои давлатӣ даст кашид ва то охири умр ба кори эҷодӣ машғул гардид. Навоӣ мероси адабию илмии фаровон, зиёда аз 30 маҷмӯаи шеърҳо, достонҳо, асарҳои насрӣ ва рисолаҳои илмӣ боқӣ гу- зоштааст. Солҳои 1492—1499 Навоӣ аксари ашъори ӯзбекиашро бо унвони «Ха- зоин-ул-маонӣ» дар чаҳор девон ҷамъ намуд, ки онҳо ба чор давраи умри шоир мутобиқат доранд: «Ғароиб-ус-сигар», «Наводир-уш- шубоб», «Бадоеъ-ул-васат», «Фавоид-ул- кибар». Маҷмӯаи мазкур бо номи «Чаҳор девон» низ маъруф аст. Дар ин девонҳо зиёда аз 3130 ғазал ва шеърҳои гуногунжанри лирикӣ ҷой доранд. «Чаҳор девон» дар инкишо­фи назми ӯзбек мавқеи баланде ишғол мекунад. Навоӣ дар як қитъа чунин мегӯяд: – Маънии ширину рангинам ба туркӣ беҳад аст, Форсӣ ҳам лаълу дуррҳои симин чун бингарӣ, Гӯиё дар расти бозори сухан бикшодаам, Як тараф дӯкони каннодию як сӯ заргарӣ. Навоӣ девони дигаре дорад, ки бо но­ми «Девони Фонӣ» машҳур аст. «Де­вони Фонӣ» аз 12 ҳазор мисраъ ибо­рат буда, дар он ащъори форсӣ-тоҷикии шоир ҷамъоварӣ шудаанд. Дар ин девон ғазалҳои мухтараъ ва ҷавобия ба Саъдӣ, Хисрави Деҳлавӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон бисёранд: Татаббӯъ кардани Фонӣ дар ашъор, На аз даъвию не аз худнамоист. Чу арбоби сухан соҳибдилонанд, Муродаш аа дари дилҳо гадоист. Навоӣ дар мактаби эҷодии адабиёти классикии халқҳои Шарқ, махсусан, форс-тоҷик тарбия ёфта, ҳамчун шо­ир ташаккул ёфтааст. Дар ашъори Навои ғояҳои инсондӯстӣ, адолатхоҳӣ, накуӣ ва накукорӣ ҷои асосиро ишғол менамоянд. Навои ба забони форсӣ- тоҷикӣ як силсила қасидаҳо офаридааст, ки бо унвонҳои «Ситтаи зарурия» ва «Фусули арбаа» маълуманд. Қасидаи «Тӯҳфат-ул-афкор», ки ба силсилаи «Ситтаи зарурия» дохил аст, соли 1476 ҷавобан ба «Луҷҷат-ул-асрор»-и Ҷомӣ ва «Дарёи аброр»-и Хисрави Деҳлавӣ навишта шудааст. Қасидаҳои «Фусули арбаа» чаҳор фасли табиатро инъикос мекунанд. Маҳорати Навоӣ дар офаридани «Хам­са» низ ҷолиби диққат аст. Садриддин Айнӣ  «Хамса»-и Навоиро «яке аз беҳтарин намунаҳои адабиёти классикии Шарҳ» номидааст. Ин асари Навоӣ чун натиҷаи қонунии инкишофи назми эпикии Шарқ ва хусусиятҳои беҳтарини анъанаи ҳамосасароӣ солҳои 1483— 1485 эҷод гардида буд. «Хамса» аз чунин достонҳо ташкил ёфтааст: 1) «Ҳайрат-ул-аброр», 2) «Фарҳод ва Ширин», 3) «Лаилӣ ва Маҷнун», 4) «Сабъаи сайёр», 5) «Садди исканда­рӣ». «Қайрат-ул-аброр» аз 64 боб (қисми асосиаш 20 мақола) иборат буда, аз масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқи ва фалсафӣ баҳс мекунад. «Фарҳод ва Ширин» достони ишқи паҳлавони маҳбуби халқ; — Фарҳод ва Ширини зебост. Навоӣ дар достон Фарҳод — муборизи ҳақикат ва адолатро аз Хусрав баландтар гузоштааст.  Ҷиҳати хуби достон он аст, ни шоир дар сурудани он аз воситаҳои бадеӣ и фолклорӣ, аз анъанаҳои достонҳои халқи истифода бурдааст. «Лайлӣ ва Мақнун» достони машҳури ишқи аст, ки Навоӣ онро бо пафоси баланди гуманистӣ эҷод кардааст. Достони Навоӣ ба адабиётҳои гуногуни Шарқ ва фолклори ӯзбек таъсири зиёде расондааст. «Сабъаи сайёр» дар силсилаи баҳромноманависӣ як воқеаи тоза буд. Дар достон тасвири Баҳроми ба айшу нӯш додашуда ва оқибати фоҷиаанҷоми ӯ ибратангез тасвир шудааст. Тавассути ҳикоятҳое, ки аз забони мусофирон оварда шудаанд, идеалҳои Навоӣ тасдиқ ва ташвиқ мешаванд. Дар достони охирини «Хамса»-и Навоӣ қаҳрамони асосӣ шоҳи идеалӣ — Искандар буда, ҷанбаи фалсафию иҷтимоии он хеле пурқувват аст. Асарҳои дигараш аз қабили «Таърихи мулуки Аҷам», «Ҳолоти Паҳлавон Муҳаммад», «Ҳолоти Ҳасани Ардашер», «Вақфия», «Муншаот» ва ғайра низ ба қалами Навоӣ тааллуқ доранд. «Хамсат-ул-мутахайирин» ба Ҷомӣ бахшида шудааст ва барои омӯхтани равобити адабии халқҳои тоҷи­ку ӯзбек як манбаи хубест. «Насо- им-ул-муҳаббат», ки тарҷумаи озоди «Нафаҳот-ул-унс»-и Ҷомист, муносибати Навоиро нисбат ба устодаш боз ҳам равшавтар мекунад. Дар омӯзиши таърихи адабиёти ӯзбеку форс- тоҷик ва робитаи онҳо «Маҷолис-ун- вафоис» (1491—1498) аввалин тазкираи ӯзбекист, ки дар бораи 459 адиб маълумот медиҳад, «Таърихи анбиё ва ҳукамо», ки дар бораи шахсони ривоятиву таърихии Осиёи Миёна ва Эрон, асотири зардуштӣ, юнонӣ ва исломӣ баҳс менамояд, аҳа­мияти зиёде доранд. Дар рисолаи «Мизон-ул-авзон» масъалаҳои муҳими назарияи адабиёт, махсусан вазни арӯз дар назми ӯзбеки мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд. Навоӣ дар ин асар чанд вазни тозаро, ки донишмандони асри 15 ихтироъ кардаанд, махсусан таъкид намудааст. Навоӣ чун олими забоншивос «Муҳокимат-ул- луғатайв» ном асар офаридааст, ки дар он забони ӯзбеки ва форсӣ- тоҷикӣ ба тарзи қиёсӣ таҳқиқ шуда­анд. Навоӣ дар охири ҳаёти худ досто­ни тамсилии «Лисон-ут-тайр» (1499) ва рисолаи иҷтимоию ахлоқии «Маҳбуб-ул-қулуб»-ро (1500) навишт. Дар «Маҳбуб-ул-кулуб» Навоӣ анъанаи «Гулистон»-и Саъдӣ ва «Баҳористон»-и Ҷомиро ба тарзи хос идома додааст. Дар асар ақидаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фалсафии Навоӣ ҷамъбаст шудаанд. Навоӣ дар инкишофи адабиё­ти ӯзбек ва адабиёти халқҳои туркзабон:. уйгурҳо, озариҳо, туркманҳо, туркҳо, қазоқҳо, тоторҳо ва дигарҳо таъсири зиёде расондааст. «Навоии бузурги халқи ӯзбекро… Октябр ба ҷаҳон шиносонд» (С. Ай­нӣ). Эҷодиёти Навоӣ аз асри 15 то рузҳои мо диққати адабиётшиносон, шарқ- шиносонро ҷалб намудааст. Дар навоишиосӣ хизмати В. В. Бартолд, Е. Бертелс, С. Айнӣ, Н. Конрад, А. Болдирев, К. Боровков, И. Брагин­ский, В. Абдуллоев, В; Зоҳидов, Н. Маллаев, А. Мирзоев, Ҳ. Сулаймонов, О. Шарофиддинов, А. Ҳайитметов, А. Қаюмов, Р. Ҳодизода, С. Эр­кинов, С. Ғаниева, А. Абдуғафуров, П. Шамсиев ва дигарон хеле калон аст. Хусусан дар омӯзиши Навоӣ хидматҳои устод Айнӣ ба назар намоёнанд. Аввалин мақолаҳои С. Айнӣ дар бораи Навоӣ охири солҳои 30 таълиф шудаанд. Ӯ оид ба замони зиндагӣ, тарҷумаи ҳол, фаъолияти сиёсию ҷамъиятӣ ва эҷодиёти адиб бо унвони «Алишери Навоӣ» монографияе навишт, ки бо мунтахаби ашъори тоҷикии Навоӣ ба табъ расид. Солҳои 1948 ва 1968 ҷашнҳои 500 ва 525- солагии Навоӣ  қайд шуд. Асарҳои Навоӣ борҳо ба забонҳои гуногун, аз ҷумла, ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Номи Навоӣ ба кӯча, мактаб, колхоз, район, шаҳр, уни­верситет, китобхонаҳо, музей ва театрҳо гузошта шудааст. Дар асоси асарҳои Навоӣ опера ва драмаҳо ба майдон омад, нависандагони советӣ — Ойбек, Уйгун, И. Султон, Б. Вадетский, Л. Бат, Миркарим Осим дар бораи Навоӣ  роман, повест, драма, дос­тон ва ҳикояҳо офаридаанд. Драмаҳои мусиқии ӯзбекии «Лайливу Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин», ки дар асоси достонҳои Навоӣ таҳия шудаанд ва драмаи таърихии «Али­шер Навоӣ»-и Уйгун ва Иззат Сул­тон, ки ба ҳаёт ва фаъолияти доманадори Навоӣ бахшида шудааст, дар театрҳои тоҷик намоиш дода мешаванд. Дар байни халқҳои тоҷик, ӯзбек, туркман, афғон оид ба Навоӣ ривоят ва ҳикоятҳои дилнишин вуҷуд доранд. Ҳаёт ва эҷодиёти шоир дар мактабҳои миёна ва олӣ, аз ҷумла, мактабҳои тоҷикӣ омӯхта мешавад. Ос.: Ас. 1—15 т., Тошкент, 1903—68; Хамса. Қисқартиб нашрга тайёрловчи С. Айнӣ, Тошкент, 1948; Фарҳод ва Ши­рин. Аз ӯзбекӣ тарҷ. М. Аминзода. Ста­лин обод, 1948; Хамсат-ул-мутаҳайирин, аз ӯзбекӣ тарҷ. А. Маниёзов, Д., 1901. Ад.: .Айнӣ С., Алишер Навоӣ, Сталинобол, 1948; Бертелс Е. Э., На­воӣ. Опыт творческой биографии. М.— Л., 1948; ҳамон м у а л л., Навои и Джами, М., 1905: Мирзоев А., Фонӣ ва Хофиз, Д., 1900; ҳамон м у а л л., Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, Д., 1908; Хайитметов А., Творчес­кий метод Алишера Навои, Ташкент, 1905; Захидов В., Мир идей и обра­зов Алишера Навои, Ташкент, 1961; С в и д и н а Е. Д., Алишер Навои. Биб­лиография (1917—1906), Ташкент, 1908.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …