Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Навоӣ вилояти Ӯзбекистон

Навоӣ вилояти Ӯзбекистон

Навоӣ вилоятест дар ҳайати РСС Ӯзбекистон 20 апрели 1982 ташкил шудааст. Дар Шимол бо Қазокистон, дар Fарб бо РАСС Қароқалпокистон, дар Ҷ.— F. бо вилояти Қашкадарё, дар Шарқ бо вилояти Самарқанд ва дар Ҷануб бо вилояти Бу­хоро ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ—110,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 542 ҳазор. нафар (1982). Ба 8 райов, 6 шаҳр тақсим шуда, 6 птш дорад. Марказаш шаҳри На­воӣ. Иқлими Навоӣ континентии шадиди хушк мебошад ва аксари территоряи он дар ҳудуди биёбони Қизилқум воқеъ гардидааст (баландии маҳал то  922 м аз сатҳи баҳр). Ҳарорати ҳаво моҳи январ —12—15° С, моҳи июл 35—40° С. Дарёи асосиаш Зарафшон, як обанбор дорад (обанбори Қӯимазор). Хокаш марғзорӣ, аллювиалӣ ва ботлоқию аллювиалӣ. Набототаш асосан буттаҳои ксерофилӣ, эфемерӣ, эфемероидӣ. Саноати Навоӣ асосан бо истеҳсоли нуриҳои минералӣ, воситаҳои химиявии муҳофизати растанӣ ва нахи сунъии нитрон машғул аст. Иттиҳо- дияи истеҳсолии «Навоиазот», ки соли 1961 ба кор даромад, дар Осиёи Миёна калонтарин буда, соли 1981 1 млн 654 ҳазор т нурии минералӣ, 472 ҳазор т аммиак, 18,57 ҳазор т нитрон баровард. 3аводи электрохимиявии Навоӣ котораг, изофен (дар оянда фозалон, трефлан) ном воситаҳои химиявии муҳофизати набототро истеҳсол мекунад. 3аводи сементӣ Навоӣ дар РСС Ӯзбекистон калонтарин мебошад. ГРЭС-и Навоӣ соли 1981 5 млрд 718 млн кВт-соат электроэнергия истеҳсол карда буд. Пахтаи вилоят дар заводҳои На­воӣ, Хатирчӣ ва Қизилтеппа тоза карда мешавад. Саноати истихроҷ маъдан металлҳои қиматбаҳо ва аз кони Зарафшон тилло истихроҷ мекунад. Саноати сабук ва хӯрокворӣ низ хеле тараққӣ кардааст (заводҳои шир дар Навоӣ ва Учқудуқ заводи нонпазии Навоӣ). Кони истихроҷи мармар дар Ғозғон аҳамияти умумииттифоқӣ дорад. Дар хоҷагии қишлоқ соҳаҳои асосӣ пахтакорӣ, кирмакдорӣ ва пар­вариши гусфанди қарокӯлӣ аст. Соли 1981 198,5 ҳазор т пахта, соли 1982 зиёда аз як млн. дона пусти қарокӯлӣ ва 890 т пилла истеҳсол карда шуд. Навоӣ 103 колхозу совхоз, 2 фабрика и паррандапарварӣ ва 10 млн 325 ҳазор га замин дорад, ки аз он 104,1 ҳазор га кишт карда мешавад. Зироати асосии хӯроки чорво ҷуворимакка ва юнучқа аст. Сабзавоткорӣ, боғдорӣ, токдорӣ хеле равнақ дорад. Соли 1982 Навоӣ 7,8 ҳазор га боғ дошт. Дар Навоӣ 303 китобхонаи оммавӣ, 664 клуб, 11 кинотеатр ҳаст (1982). Фи­лиала Институти политехникии Тошкент ба номи Берунӣ дар шаҳри Навоӣ амал дорад. Ду г.-и вилоятй «Дӯстлик байроғи» (ба забони ӯзбеки) ва «Знамя друж­бы» (ба забабони русӣ), 1 г. шаҳрӣ — «Зарафшанский рабочий» ва 7 г. районӣ ҳастанд, ки ба забонҳои ӯзбе­ки ва қазокӣ мебароянд. Радиои ви­лоят ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва қазоқӣ барномаҳо мешунавонад. Соли таҳсили 1961—1982 дар Навоӣ 295 мактаби миёнаи маълумоти умумӣ буд, ки 135,4 ҳазор талаба дошт. Барои фарзандони чупонону чорводорон 90 мактаб-инртернат ҳаст, ки дар онҳо 3316 талаба тарбия мегирад. Дар 26 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ 11733 талаба мехонад. Соли 1982 дар Навоӣ 377 муасоисаи табобатӣ буд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …