Маълумоти охирин

Навоӣ

Навоӣ (то 1958 — посёлкаи Кар­мина), шаҳри навбунёд, маркази вилояти Навоии РСС Ӯзбекистон 8 км дуртар аз стансияи роҳи оҳан Навоӣ ва 100 км шимолу шарқтари. Бухоро, дар водии дарёи  Зарафшон вокеъ гаштааст. Аҳолиаш 98,3 ҳазор нафар (1982).

Навоӣ шаҳри ободу зебо, яке аз марказҳои калони саноати электроэнер­гетика ва химияи Осиёи Миёба мебошад. Дар Навоӣ соли 1963 ГРЭС сохта шуд, ки он бо гази Бухоро кор ме­кунад. Дар Навоӣ Иттиҳодияи истеҳсолии «Навоиазот» (нуриҳои минера­лӣ, аммиак, нахи сунъӣ), комбинати металлургияи кӯҳи, комбинати хонасозии калонпанел, заводҳои маснуоти оҳану бетонӣ, асфалту бетон, комбинати орд, заводҳои нон, шир, заводҳои пахтатозакунӣ, фабрикаи паррандапарварӣ мавҷуданд. Соли 1980 заводи электрохимиявӣ (воситаҳои химиявии муҳофизати растаниҳо) ва калонтарин дар рес­публика заводи семент ба кор даромад. Факултети умумитехникии шабонаи Институти политехникии Тошкент, 10 мактаби миёна, қасри маданият, 6 кинотеатр, 20 китобхона кор мекунанд.

Шаҳр солҳои 60 дар асоси плани ягонаи генералӣ сохта шуда, ҳангоми сохтмон иқлими гарм ва анъанаҳои миллӣ ба назар гирифта шуда­анд. Муаллифони плани генералӣ  А. В. Коротков, В. Н. Иванов, И. Б. Орлов, Н. И. Симонов, Г. П. Сморо­дин сазовори Мукофоти давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ гардиданд (1969). Шаҳр ба кабудизор табдил дода шудааст, дар он фаввораҳою ҳавзҳои об хеле бисёранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …