Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Наводир-ул-вақоеъ

Наводир-ул-вақоеъ

«Наводир- ул- вақоеъ»  («Воқеаҳои нодир»), асари Аҳмади Дониш. Дар давоми солҳои 1875—1882 таълиф шудааст. Муаллиф чанд бор онро китобат ва аз нав таҳрир кардааст. Ҳоло чанд нусхаи қаламии ин асар дар китобхонаҳои Душанбе, Тошкент, Ленинград, аз қумла нус­хаи ба дасти Дониш китобатшуда, дар захираи дастнависҳои Шӯъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (таҳт рақами В 716) нигаҳдорӣ мешаванд. «Наводир- ул- вақоеъ» аз муқаддима (дар он муаллиф мақсад ва вазифаи худро аз таълифи асар баён кардааст) ва 23 боб иборат аст. Дар «Наводир- ул- вақоеъ» масъалаҳои фалсафӣ, иҷ­тимоӣ, сиёсӣ ва маданию адабӣ таҳлилу тадқик, шудааст. Масъалаҳои иҷтимоню сиёсӣ дар 15 боби аввали «Наводир- ул- вақоеъ», махсусан, дар боби 15, ки «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ном дорад, ба миён гузошта шудаанд. Дониш масъалаҳои зиндагии шахсии инсон ва ҳаёти ҷамъиятиро бо ҳам алоқамаид тахлил мекунад ва онҳоро ҳамеша бо фак­ту воқеаҳои реалии зиндагӣ ва таҷрибаи ҳаёти худ санқида мебарояд. Азбаски ин масъалаҳо бо бисёр муаммоҳои фалсафӣ (монанди пайдоиши олам, қазову қадар, рӯҳи инсонӣ ва ғайра) вобастаанд, ӯ дар ин бобат низ таваққуф намудааст. Дониш таъкид мекунад, ки мурод аз зиндагии инсон обод доштани ҷаҳон аст, ки ин ба ҳикмати тамаддун (сиёсати давлатдорӣ) ва таовун (муносибати байни одамон) вобаста аст. Бинобар ин ӯ баъд аз таҳлил ва таҳқиқи масъалаҳои гуногуни ҳаёти инсону ҷамъият ба масъалаи сиёсати давлатӣ мегузарад ва дар ин ҷо бо як ҷасорати том дар бораи дигаргунсозии тартиботи мавҷудаи давлату ҷамъияти он замон фикру андешаҳои далерона баён намудааст. Аз ин ҷихат бобҳои гуногуни «Наводир- ул- вақоеъ» бо маром ва мақсади умумии муаллиф ба ҳам хеле пайваст ва марбутанд. «Наводир- ул- вақоеъ» бо равия ва маҷмуаи танқидии худ дар афкори сиёсиву иҷтимоии он давр як ҷунбиши бузурге ба вуҷуд овард. Афкори маорифпарварии Дониш, ки ба ҳаёти маънавии он замон таъсири бузурге дошт, асосаи дар «Наводир- ул- вақоеъ» акс ёфтааст. Аз тарафи дигар, тарзи нигориш ва сабку услуби бадеии «Наводир- ул- вақоеъ» барои ба вуҷуд омадани насри реалистии он давр ва минбаъд роли хеле муҳим бозидааст. «Наводир- ул- вақоеъ» пеш аз Револютсияи Октябр, асосан дар нусхаҳои қаламӣ дар бай­ни аҳли илму адаб паҳн шуда буд. Бобҳои муҳимтарини асар дар чандин мунтахаботи осори Дониш — байни солҳои 50—70 ба ҳуруфоти имрӯзаи тоҷики ва арабӣ, инчунин ба забони русӣ нашр шудаанд.

Нашр.: порчҳо аз «Наводир-ул-вақоеъ», Сталинобод, 1957; Аҳмади Дониш, Осори баргузидаи бадеӣ, Д., 1976;

Ад.: А й н ӣ С., Кулл., ҷ. 7, Д., 1962; Ҳодизода Р., Аҳмади Дониш, Д., 1976.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …