Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Наводир-ул-асрор

Наводир-ул-асрор

«Наводир- ул- асрор»  («Розҳои нодир»), асари Ҳасан Ибни Исои Русофӣ дар боби химия, ки охири асри 15 ва ибтидои асри 16 ба забони арабӣ навишта шудааст. «Наводир- ул- асрор» ҷамъбасти таҷриба ва мушоҳидаҳои муаллиф дар соҳаи химия буда, таҷрибаҳои зиёди кимиёвӣ, тарзи гузаронидани онҳо, нусхаҳои кимиёвӣ, тарзн тайёр кардани онҳо ва ғайраро дарбар мегирад. Дар китоби мазкур осори олимони Шарқи Қадим Ҷолинус, Ҷобир ибни Ҳайён, Ибни Исхоқ ва дигарон эҷодкорона истифода шудааст. Аз «Наводир- ул- асрор» то алҳол нусхаи алоҳидаи дастхат ёфт нашудааст. Дар бораи он танҳо баъзе маълумотҳоро аз нус­хаи дар Тошкент будаи «Китоб-ул- асрор»-и Розӣ (№ 3758), ки соли 1506 котиби номаълуме китобат кардааст, дарёфтан мумкин аст.

Ад.: Каримов У. И., Неизвестное сочинение ар-Разӣ «Книга тайны тайн», Ташкент, 1957.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …