Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Навободи ноҳияи Орҷоникидзеобод

Деҳаи Навободи ноҳияи Орҷоникидзеобод

Навободи калон, деҳаест дар Совети қишлоқи Кофарниҳони райони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози «Съезди 22-юми партия». Аз Навобод то маркази Совети қишлоқ 2 км, то район 6 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 700 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа китобхо­на дорад. Соҳаҳои асосии хоҷаги — пахтакорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо ба воситаи канали Ҳазора аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …