Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Навъии Хабӯшонӣ

Навъии Хабӯшонӣ

Навъии Хабӯшонӣ  Мулло Муҳаммадризо (1562/1563, шаҳри Хабӯшони Хуросон —1610/1611, шаҳри Бурҳонпур), шоири эронӣ. Аз оилаи савдогар (баъдтар шайхи бузург). Дар ҷавонӣ бо падараш ба Кошон сафар карда, шогирди Мавлоно Музрташами Кошонй мешавад. Сипае ҳамроҳи падар Ҳиндустонро саёҳат кар­да, муддате дар Гучарот муқим мегардад. Баъди баргаштан ба ватан дар Машҳад умр ба cap бурда, пас аз вафоти падар дубора ба Ҳиндустон меравад. Охири умрашро шоир дар хизмати Мирзо Абдурраҳими Хо­ни Хонон гузаронид. Аз Навъи Хабӯшонӣ ба ғайр аз девони ашъор «Соқинома» ва маснавии «Сӯзу гудоз» (дар бораи худро сӯзоидани занони ҳинду пас аз вафоти шавҳар) боқӣ мондааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …