Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Навигатсия

Навигатсия

Навигатсия (лот. navigatio, аз navigo — дар киштӣ шино мекунам)

1) баҳрнавардӣ, киштигардӣ; 2) дав­ри муайяни сол, ки дар он вобаста ба иқлими маҳал киштигардӣ имконпазир аст; 3) фасли асосии киштиронӣ, ки дар он асосҳои назарӣ ва усулҳои амалии рондани киштиҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Навигатсияи  баҳрӣ давраҳои қадим cap шуда усулҳои оддитарини киштиронӣ на фақат ба қибтиёну финидиҳо, балки ба халқҳое низ маълум буд, ки дар зинаҳои пасттари тараққиёт меистоданд. Баъд аз он ки истифодаи ақрабаки магнитӣ барои муайян намудани самти ҳаракати киштӣ (а.

ва тартиб додани харитаҳо дар проексияҳои рости силиндрии баробаркунҷа (Г. Меркатор, 1569) оғоа ёфт ва дар асри 19 асбоби суръатсанҷи киштӣ (лаги механикӣ) кашф гардид, ба Навигатсияи муосир асос гузошта шуд. Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 та­раққиёти физика ба пайдо шудани асбобҳои электронавигатсионӣ ва воситаҳои радиотехникии киштиронӣ имкон дод. Дар Россия аввалин воситаи таълим оид ба Навигатсия соли 1703 аз тарафи Л. Ф. Магнитский тартиб дода шудааст. Дар муайян кардани масъалаҳои Навигатсия баҳрнавардон ва олимови рус С. И. Мордвинов, Л. Эйлер, М. В. Ломоносов ва дигарон саҳми калон гузоштаанд. Саёҳатҳои гирдиҷаҳонӣ ва экспедитсияҳои илмии баҳрнавардонн рус ба ривоҷи минбаъдаи киштиронӣ мусоидат намуд. Радиоро ихтироъ кардани А. С. Попов дар инкишофи Навигатсия ва кори штурманӣ даврав нав кушод. Дар бунёду тараққёти мактаби ватании Навигатсия хизмати олимони советӣ Н. Н. Матусевич, Н. А. Сакеллари, А. П. Юшевко, К. С. Ухов ва дигарон калон аст.

Вазифаҳои Навигатсияи муосир индҳоад: интихоби роҳи бехатар ва муфидтарини киштӣ, муайян намудани самти ҳаракати киштӣ ва масофаи тай­кадаи он дар баҳр бо ёрии асбобу афзори навигатсионӣ (аз ҷумла муайян намудани таъдили нишондоди ин асбобҳо); омӯхтан ва интихоб на­мудани проексияҳои картографии барои киштиронӣ қулайтарин ва дар онҳо бо усулҳои таҳлилӣ ва графикӣ ҳал кардани масъалаҳои навигатсионӣ; ба ҳисоб гирифтани таъсири омилҳои берунае, ки ба хориҷ шудани киштӣ аз роҳи мунтахаб сабаб мешаванд; муайян намудани ҷои кишти аз рӯи нишонаҳои рӯизаминӣ ва радифони маснӯи навигатсиони ва муқаррар кардани дараҷаи саҳеҳияти ин андозагириҳо. Як қатор масъалаҳои навигатсионӣ бо усулҳои геодезия, картография, гидрография, океанология ва метеорология ҳал карда мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …