Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Бухоро умр ба cap бурдааст. Навҳа мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам дар замони таълифи тазкира барҳаёт будааст. Навҳа соҳиби хати хуб буда, бо китобат рӯз мегузаронид. Абёти боқимондаи шоир (дар тазкираву баёзҳо) асосан аз ғазал ва рӯбоӣ иборат аст. Ғазалҳояш самими ва соддаву равонанд. Наҳва дар шеърҳояш аз зиндагии сахту қашшоқона шикоят кардааст. Баъзе ғазалу рӯбоиҳояш дар мазаммати зоҳидону рӯҳониён, васфи маю маъшуқа гуфта шуда, дорои оҳангҳои риндӣ мебошанд. Дар як ғазалаш гуфтааст:

Наргиз сухан аз зоҳиди дилмурда

нагӯям,

Тарсам, ки лабам хамчу лаби кӯр

шавад хушк.

Зоҳид бирав аз боғ, ки чун мӯҳраи

тасбеҳ,

Аз чашми бадат донаи ангур шавад

хушк.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …