Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Навгилем

Навгилем

Деҳа, маркази Совети қишлоқ Навгилеми pайони Исфара, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «60-солагии Ок­тябр». Аз Навгилем то маркази район 3 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 6925 нафар (1982), асосан тоҷиков. Деҳа 2 мактаби миёна, китобхона, киноте­атр, хонаи маданият, амбулатория, дорухона, нуқтаҳои хизмати маишӣ, универмаг, 5 магазин, 5 нонвойхова, ошхона, 3 чойхона, ҳаммом ва фермаи бӯрдоқипарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз деҳаи Исфара обёрӣ мешаванд. Дар деҳа барои абадӣ гардонидани хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳайкали ёдгорӣ гузоштаанд. Навгилем зод- гоҳи забоншинос ва адабиётшиноси советии тоҷик Лугфулло Бузургзода мебошад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …