Маълумоти охирин

Навда

Навда дар ботаника, яке аз узвҳои асосии растаниҳои дараҷаи олист, ки аз поя, барг ва муғча иборат аст. Навда дар ҳаёти растанӣ мақоми хосе дорад. Ҳар як қисми он вазифаи муайянро иҷро мекунад. Муғча сабзиш ва афзоиши нашвии растаниро таъмин менамояд; барг вазифаи фотосинтез ва транспиратсия (бухоркунӣ)-ро иҷро мекунад; поя узви такягоҳ аст. Навдаи растаниҳои яксола такягоҳ як мавсим, Навдаи раста­ниҳои бисёрсола ҳар сол месабзад. Навдаи дар давоми як даври рушд сабзидаро элементарӣ ва дар муддати як сол сабзидаро солона меноманд. Аз якчанд Навдаҳои солона Навдаи бисёрсолаи скелетӣ ба вуҷуд меояд. Шаклгирию расиши Навда ду давраро дар бар мегирад: эмбрионалӣ ё дохили муғчагӣ (узвҳои нави Навда ибтидо меёбанд) ва постэмбрионалӣ ё берун аз муғча (аз узвҳои навсабзида Навдаи нав пайдо мешавад). Вобаста ба рафти сабзиш Навда ортотропӣ (ба боло ё ба поён), плагиотропӣ (уфуқӣ ё хамида) ва анизотропӣ (тағйирёбанда; бештар дар гиёҳҳо) меша­вад.

Ба ғайр аз Навдаи муқаррари дар растаниҳо Навдаҳои гуногуни шакла- шон тағйирёфта (ниг. Метаморфоз), ки хусусиятҳои махсуси биологӣ доранд, низ ҳосил мешаванд. Шаклҳои ҳаётии растаниҳо ба гуногунии

навъҳои Навда  вобастаанд ва ин гуногунии навъҳо дар ҷараёни таҳаввули дурудароз ба шароитҳои гуногуни ҳастӣ мутобиқшавии растаниҳо ба вуҷуд омадааст.

Шаклҳои гуногуни навда: 1 — пиёзаки сунбул (аз тарафи рост буриши дарозӣ); 2 — пиёзаки пулакчагии эанбақ; 3 — лӯндаи картошка; 4 — хори аз поя баву- ҷудомадаи ду лона; 5 — лундаи поягии рӯизаминии колрабӣ; 6 — тағйирёбии шакли баргҳои алафи лайлак; 7 — анизофиллия дар навдаи Aesculus hippoca- stanum; 8 — навдаҳои дароз ва кӯтоҳшуда ва решапояи гандумак; 9 — муғчаи  ором дар булут.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …