Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Навашин Сергей Гаврилович

Навашин Сергей Гаврилович

Навашин Сергей Гаврилович (14. 12. 1857, деҳаи Сарёвшина, ҳозира вилояти Балтвйски вилояти Саратов.— 10. 11. 1930, Детское Село, ҳозира шаҳри Пушкини вилояти Ленинград), ботаник ва ситологи советӣ, академияи АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1918; аъзо-корр. 1901), акад. АФ РССУ (1924). Баъди хатми Университети Москва (1881) дар ҳамон ҷо кор кардааст. Профессор университетҳои Киев (1894— 1915) ва Тбилиси (1918—23). Яке аз асосгузорон ва директори аввалини (то соли 1929) Институти биологии ба номи К. А. Тимирязеви Москва. Тавас­сути асоси тухммуғча — халаза воридшавии гарднайчаро дар дарахти тӯс ва баъдтар мавҷудияти халазогамия  (ба воситаи халаза бо тухм муғча васлшавии гарднайча)-ро дар растаниҳои дигар кашф кард.

Кашфиёти ӯ оид ба дуборагардолудшавии растаниҳои пӯшидатухм аҳамияти хеле калон дошт. Ба морфологияи хромосомаҳо ва аҳамияти таксономии онҳо асос гузошт. Мактаби ситоэмбриологии русро ташкил кард.

Ад.: Изб. тр., т. 1, М.—Л., 1951.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …