Маълумоти охирин

Натюрморт

Натюрморт (франс. nature morte — табиати беҷон), жанри санъати тасвирист, ки дар он гул, мева, сабзавот, парранда, ашьёи рӯзгор, дастархони пурнеъмат, олоти ҷудогона» меҳнат ва ғайра тасвир карда мешавад. Ҷуз ашьёи беҷон (масалан, ашьёи рӯзгор) дар Натюморт предметҳои табиати зиндаро аз мавқеи табииашон чудо карда, ҳамчун чизи алоҳида тасвир мекунанд (масалан, моҳӣ, гулдаста ва ғайра). Инчунин тасвири мавҷудоти зинда амсоли ҳашарот, парранда, дарранда ва ҳатто одамон ба Натюморт бегона нест, ба шарте, ки онҳо мақсади аслиро қувват диҳанд ва пурратар кунанд. Ҳабибуллоев Натюрморти поми­рӣ, 1964.

Тасвири ашё дар Натюрморт моҳияти хоси бадеӣ дорад ва рассом метавонад дар он образҳои мукаммалу маъниҳои ғаниро инъикос намояд. Пайдоиши Натюрморт бо тақвияти услуби реалистӣ дар санъати тасвирӣ алоқаи узвӣ дорад. Нахустин намунаҳои ҷудогонаи Натюрморт дар фрескаҳои Мисри Қадим ва намояҳои давраи эллинизм дучор меоянд.

Натюрморт дар Европа ҳамчун жанри мустақил дар асри 17 ташаккул ёфт. Дар инкишофи он қиссаи рассомони Италия (М. Караваҷо, П. Бонци, Ҷ. Рекко), Голландия (П. Клас, В. Хеда, В. Калф), Фландрия (Ф. Снен- дерс, Я. Фейт), Испания (Ф. Сурба­ран, А. Переда) ва ғайра калон аст. Натюрмортнигорӣ дар асрҳои 18—19 бо саъйи рассомон Ж. Шарден, Э. Делакруа, П. Сезанн (Франция), Ф. Гойя (Ис­пания), В. ван Гог (Голландия), Ф. П. Толстой, И. Т. Хруцкий (Рос­сия) ба бисёр бозёфтҳои тоза но­ил гардид. Анъанаҳои реалистии Натюрмортро рассомони барҷастаи асри 20 Д. Ривера, Д. Сикейрос (Мексика), Р. Гуттузо (Италия), алалхусус рас­сомони рус — К. А. Коровин, И. Э. Грабарь, М. Ф. Ларионов ва дигар инкишоф доданд. Рассомони советӣ (П. П. Кончаловский, И. И. Машков, А.          В. Куприн, М. С. Сарьян ва дигар) жанри Натюрмортро ба пояи баланд бардошта, ҷанбаҳои реалистии онро такмил доданд. Натюрморт дар эҷодиёти рассомони тоҷик солҳои 50 мақом пайдо кард. Натюрмортнигорони намоёни тоҷик П. И. Фальбов, М. Хушмуҳаммадов, 3. Ҳабибуллоев, И. Абдураҳмонов ва дигар мебошанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …