Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Натурализм

Натурализм

Натурализм (франсавӣ. naturalisme, аз лотинӣ nature — табиат), 1) дар фалсафа, назаре ба олам аст, ки мувофиқи он табиат принсипи ягона ва умумии шарҳи ҳамаи мавҷудот буда, зуҳуроти ғайритабиӣ ва «фавқуттабииро» истисно мекунад. Ба баъзе шаклҳои материализм (стихиявӣ, табиию илмӣ, механикӣ, вульгарӣ ва ғайра) ва ҷараёнҳои идеалистӣ хос аст. Дар сотсиология ба назарияҳое хос аст, ки омилҳои мухталифи табиатро (шароити обу ҳаво, муҳити геогра­фӣ, хусусиятҳои биологию нажодӣ ва ғайра) сабаби инкишофи ҷамъият медонанд. Натурализм дар афкори маорифпарварони асрҳои 17—18 Европа мақоми хос дошт (таълимоти «одами табиӣ», ҷамъияти табиӣ, ахлоқи табиӣ, ҳуқуқи табиӣ ва ғайра.

Нигаред низ ба мақолаи Пантеизм). Дар адабиёт ва санъат равияест, ки охир асри 19 дар Европа ва ШМА пайдо шудааст. Натурализм ба инъикоси  объективӣ, аниқ ва беэҳтироси воқеияти реалӣ мекӯшид. Объекти тасвири Натурализм инсонест, ки характери ӯ пеш аз ҳама ба сиришти худ ва муҳит вобаста аст. Натурализм дар зери таъсири комёбиҳои намоёни илмҳои табиӣ ба вуҷуд омадааст. Эстетикаи Натурализм ба илмҳои дақиқ, пеш аз ҳама, ба Физиология такья мекунад. Мақсади Натурализм аз идроки илмии  табиати инсон иборат буд. Натурализм дар Франсия ташаккул ёфтааст. Асоси фалсафии Натурализмро позитивизми О. Конт ва назарияи эстетикии И. Тэн ташкил доданд. Ж. Шанфлёрп, Л. Э. Дюрантн, Г. Флобер (эҷодиёти онҳо ҳамчун намунаи санъати объективӣ ва «илмӣ» ҳисоб мешуд) адибони пешгу- заштаи ин ҷараён буданд. Ammo  Натурализм комилан баъди ба арсаи адабиёт омадани Э. Золя ташаккул ёфт. Э. Золя назарияи Натурализмро таҳия намуда, кӯшид, ки онро дар эҷодиёти бадеии худ татбиқ кунад.

Дар миёнаи солҳои 70 асри 19 дар атрофи Э. Золя мактаби натуралистӣ ташкил ёфт (Г. Мопассан, Ж. К. Гюпсмапс, А. Сеар, Л. Энппк, П. Алексис, Э. Гоп- кур, А. Доде ва ғайра). Омӯзиши ҷамъият аз мавқеи олими табиатшинос, монанд кардани дарки бадеӣ ба ил­мӣ, рағбат ба асосҳои физиологии рӯҳия ва нобоварӣ ба ҳамагуна мафкура ҳақиқати бадеии асарҳои натуралистонро маҳдуд кард. Лекии ҳақиқати ҳаётие, ки ба асарҳои ҷараёни Натурализм бештар ворид мешуд ва ба он натуралистон майли тамом доштанд, боиси таъсири амиқи бадеии Натурализм гардиданд. Таҳқиқи ҳаёти моддӣ, ки Натурализм онро калиди рӯҳияи инсон мешумурд, барои хусусияти синфии шуурро зоҳир кардан бештар имкон медод (Э. Золя). Натурализм тақдири инсонро ба табиати физиологӣ ва моддию маишии ӯ вобаста дониста, озодии иродаву рафторашро инкор мекард. Бартараф кардани ин ақида танҳо ба баъзе нависандагони Натурализм муяссар шуд.

Натуралистон адабиётро ба илм монанд карда, ҳама гуна ғоянокиро ҳамчун пандгӯии хушк рад менамуданд. Онҳо мегуфтанд, ки дар адабиёт мисли илм материали ҳаётро интихоб намекунанд: барои нависанда сюжетҳои нодаркор ва мавзӯъҳои ношоиста вуҷуд на доранд. Ин фикр боиси он шуд, ки доираи мавзӯъҳои санъати атурализм васеъ гардида, майл ба «ҳақиқати дағал»-и ҳаёт афзояд («Жермини Ласерте»-и бародарон Гонкур, «Камин»~и Золя ва ғайра). олҳои 60—80 Натурализм роли мусбат бозид; мавзӯъҳои навро аз худ кард (аз он ҷумла, муборизаи синфи коргар), тарафҳои нави воқеиятро ба тасвир гирифт (масалан, ҳаёти корхонаҳо, заводҳо ва ғайра), муносибатҳои шахсият ва гурӯҳи муайяни ҷамъиятро мавриди омӯзиш қарор дод, ба адабиёт воситаҳои нави бадеии тасвири ҳаётро ворид кард. Натурализм бо некбинии зоҳирӣ, ахлоқ ва мафкураи мещанӣ мубориза бурд ва демократизми во­қеӣ, афкори танқидию фошгӯёна зоҳир карда, ба пешрафти ақидаҳои иҷтимоӣ ва дарки бадеии ҳаёт мусоидат кард.

Дар соҳаи санъати театр талаби асосии натуралистон аз ҳаётро омӯхтан ва ба ҳақиқати таърихӣ, ҳаётӣ ва песихологй пайравӣ намуда, аниқ тасвирр намудани шароиту муҳити қаҳрамон иборат буд. Э. Золя таълим медод, ки театр ба воқеияти иҷтимоӣ наздик карда шавад, характерҳои фардӣ ва зинда эҷод гарданд. Натуралистон бо побанди шартият будани театри муосир мубори­за бурда, намоишномаро ҳамчун як «ҷузъи ҳаёт» ҳисоб мекарданд. Am­mo  театр хусусияти иҷтимоии рӯйдодҳоро суст мекушод, рафтори инсонро аз ҷиҳати биологӣ эзоҳдода, танҳо ба ҷиҳатҳои заифи рӯҳияи вай рағбат зоҳир мекард. Эҷодиёти пурарзиши намояндагони барҷастаи Натурализм, хусусан Золя ва Гауптман ба санъати тасвирӣ (дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20) низ таъсири бевосита дошт; дар Франция мусаввирон Э. Майе, Э. Дега, А. Тулуз-Лотрек, Т. Стейнлен, дар Бельгия — К. Менье, П. Полюс, дар Германия — М. Ли­берией, Г. Бартельс ва г. намояндагони Натурализм ба шумор мерафтанд. Санъати тасвирии натуралистӣ доираи инъикоси рӯйдодҳои иҷтимоиро васеъ намуд. Стейнлен ва Меньо барин намояндагони машҳури он дар мусаввараҳои худ образи пролетариати мазлум ва муборизро офариданд.

2) Тамоюли услубӣ, мафкуравӣ ва методи бадеӣ» зидди реализм, ки руйдодҳои зиндагиро бидуни дарки ғояҳои иҷтимоиву фалсафӣ, ҷамъбасти бадеӣ ва назари танқидӣ тасвир мекунад. Яке аз тамоюлҳои равияи натуралистӣ ин буд, ки ба ҷои типпикунонии иҷтимоиву нишоп додани моҳияти иҷтимоии рӯйдодҳои зиндагӣ побанди тасвири хунсардонаи факту воқеаҳои нозарур мешуд. Натурализм воқеияти ҳаётро сатҳӣ тасвир намуда, ба тафсилоти дуюмдараҷаи зиндагӣ бештар эътибор медиҳад. Натурализм ин- чунин ҷиҳатҳои торику фоҳиши знндагӣ, хусусан, манзараҳои бераҳмӣ, зӯроварӣ ва тафсилоти фисқу фуҷур ва матолиби шаҳвониятро муболиғаомез тасвир мекунад.

Дар таърихи маданияти советӣ ҳар гуна тасвири биайниҳӣ ва нусхабардории воқеият, ҳаққонияти зоҳирӣ ва баёни фактографӣ, ки муқобили реализм (ва умуман ҳар гу­на эҷодиёти бадеӣ) аст, ҳамчун намунаи Натурализм таъбир карда мешавад. 3) Маънои таҳрифшудааш тақлидн маҳз ба амри воқеъ, нусхабардории ҳодисоти манфӣ ё роғиби ҷиҳатҳои биологии зиндагист.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …