Маълумоти охирин
Главная / Илм / Натролит

Натролит

Натролит (аз натрий ва юн. lit-hos — санг), минерал аз гурӯхи цео­литов. Таркиби химиявиаш Na2[Al2 Si3Oi0] • 20. Дар системаҳои ромбӣ ва тетрагоналӣ кристалл мебандад. Кристаллҳояш қаламчаю сӯзаншакл. Аксар чун агрегатҳои радиалию шуоӣ, зичи сферолитӣ ва массаи нахдор дучор мешавад. Одатан беранг ё сафеди зардтоб, сабзтоб ва сурхтоб аст. Ҷилояш шишагун. Сахтиаш 5—5,5; зичиаш 2000—2500 кг/м3. Натрий ғайр аз об NH3, С02, HgS ва дигар моддаҳоро ҷаббидан, инчунин қобилияти як асосро ба асоси дигар иваз кардан низ дорад. Ин хусусиятҳои онро дар саноат, асосан барои тайёр намудани пермутитҳо (моддаест, ки ба воситаи он обро нарм мекунанд) харҷониба истифода меба­ранд. Натрий  дар ковокию тарқишҳои ҷинсҳои вулқонӣ бо роҳи таҳшиншавӣ аз маҳлулҳои оби гарм ва тағйирёбии нефелинҳо, инчунин дар зонаҳои фарсоиши сиенитҳои нефе­линдор ба вуҷуд меояд. Конҳои Натрий дар Урал, Кавказ, Украина, Сибири Шарқй ва дигар ҷойҳо ёфт шуда- анд.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …