Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Натанс Даниель

Натанс Даниель

Натанс Даниель (таваллуд 30.10. 1928, Уилмингтон, ШМА), духтури америкоӣ, доктори тиб (1954). Соли 1950 Университети штати Делаверро хатм кар­дааст. Аз соли 1972 директори шуъбаи микробиологияи факултетити тиббии Университети Ҷон Гопкинс мебошад. Дар бадали якчанд сол вируси маймун sv 40-ро тадқиқ намуд, ки он дар приматҳо ва одам ҳуҷайраҳои омоси хавфнок (саратоп)-ро ба вуҷуд намеорад, вале дар ҳуҷайраҳои ҳайвонҳои хоянда онро ба вуҷуд оварда метавонад.

Дар ҳудуди геноми вируси sv 40 ӯ бо ҳамкоронаш ҷои оғози худтаҷдидкунӣ, равиши био­синтез ва ҷои ғуншавии қисмҳои КДН (кислота и дезоксирибонуклеат), ки аз нав барқароршавии ху­ҷайраҳоро таъмин менамоянд, инчунин тартиби (пайдарпаии) пурраи ҷойгиршавии геноми вируси sv 40 (бештар аз 5 ҳазор ҷуфт нуклеотидҳо)-ро муайян кард. Натанс аввалин шу­да бо ёрии эндонуклеазаи рестриксионӣ (ферментҳои махсусе, ки тарти­би нуклеотидии моддаи таркибаш муайянро ошкор намуда, молекулаи КДН-ро ба порчаҳои калон чудо ме­кунанд) таркиби структурии КДНи вируси sv 40-ро пурра омӯхт.

Натанс ва кормандони лабораторияи ӯ бо тадқиқоти худ оид ба муайян намудани алоқаи байни сохт ва функцияи вирусҳо, қобилияти афзоиш ва ҳуҷайраи организми соҳибро трансформа­тсия намудани онҳо барои омӯзиши табиати вирусҳои онкогенӣ саҳми калон гузоштанд. Барон тадқиқотҳояш дар соҳаи тиб ба Натанс соли 1978 якҷоя бо Г. Смит ва В. Арбер Мукофоти нобелӣ дода шуд.

Адабиёт: Природа, Кв 1 (761), 1979.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …