Маълумоти охирин

Натъ

Натъ (ар. — суфра ё фарши чармин), арса; суфра, руқъа, бисоти шатранҷ, тахтаи ш о ҳ м о т, 1) тахтаест ба шаклу андозаҳои гуногун, ки дар рӯи он мувофиқи навъи шоҳмот ва тарзи бозии он хоначаҳо марқум кардаанд. Натъҳои мураббаъ, мудаввар (до­ира), мусаддас (шашгӯша), чалипо (салибшакл) ва ғайра мавҷуданд, ки аз 64 то 112 хона доранд (8×8, 4  Х16, 10×10, 10X11 ва ғайра). Натъ ҳам мисли шоҳмот таърихи қадимӣ дош­та, дар тӯли асрҳо дучори тағйиру такмил гардидааст. Дар замони мо дар бештари мамлакатҳои ҷаҳон Натъи 8×8 маъмул аст. 64 хонаи сиёҳ сафеди он, ки ҳар кадом аз онҳо ном ва рақами худро дорад (нигаред, Аломатҳои шоҳмот), дар се навъи қаторҳо ҷой гирифтаанд: т ӯл, а р з қутр (муавваҷ).

8 қатори амудӣ, ки дар тӯли Натъ ҷой гирифтаанд, бо ҳуруфоти лотинии а, в, с, d, е, g, h (аз чап ба рости мӯҳраҳои сафед) ва 8 қатори уфуқие, ки дар арзи тахта ҷой гирифтаанд, бо рақамҳои арабӣ аэ 1 то 8 (низ аз тарафи мӯҳраҳои сафед) ишора шудаанд. Ха­маи хонаҳои ҳамранге, ки дар як қатор ба тариқи муавваҷ (каҷ) воқеъ гардидаанд, қутр буда, аз ҷониби мӯҳраҳои сафед аз паст ба боло ном бурда мешаванд (қутри al— h8, hi— —а8). Шумораи хонаҳои қутр мисли хонаҳои тӯл ва арз баробар набуда, балки ҳархела аст (аз 2 то 8 хона). Қисматҳои асосии Натъ дар тӯли тахта ҳамаи хонаҳои тарафи рости шоҳи сафед ямин (ё тарафи шоҳ), ҳамаи хонаҳои тарафи чапи фарзини сафед я с о р (ё тарафи фарзин), чор хонаи миёна (d4, do, е4, е5) қ а л б, мураббаи сЗ—сб— —d6—d3 байни, ду қатори рости гирдогирди тахта атроф ва як қатори охирини канори тахта қошия ном дорад.

Натъҳои автоматӣ, электронӣ, овеза, магнитӣ (барои намоиши бозӣ дар девор), зангдор ва ғайра низ мавҷуданд. Аввалин Натъи электронии автоматӣ ҳангоми мусобиқаи байни Т. В. Петросян ва П. В. Спасский барои гирифтани номи чемпиони ҷаҳон 8 май 1968 дар Клуби марказии шоҳмоти ш. Москва гузошта, бо он рафти бозӣ ба тамошобинон намоиш дода шуда буд. Нигаред, низ Шатранҷ ва Шоҳмот. 2) Фарше, ки гунаҳгоронро ба рӯи он нишонда, cap мезананд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

plankton

Планктон

Планктон (аз юнонӣ planklos — гумроҳ, беҳаракат), як гурӯҳ ҷонва- ронеро гӯянд, ки дар қабати …