Маълумоти охирин
Главная / Илм / Настурия

Настурия

Настурия, як ҷараёни дину илоҳиёти насронист, ки дар асри 5 дар Ви­зантия ба вуҷуд омадааст. Асосгузори Настурия патриарх (битриқ)-и Қустантания (428—31) Несторий буд. Ба қавли Несторий, Марьям Исоро бо сурати одами зоидааст, вале баъд ӯ майлу шавқи одамиро бартараф кар­да, сифатҳои худоӣ пайдо намудааст. Аз ин рӯ, дар ниҳоди Исо ҷиҳатҳои инсонӣ ва худоӣ ба андозаи муайян қарор гирифтаанд, вале ба ваҳдати комил нарасидаанд.

Такьягоҳи иҷтимоии Настурия асосан доираҳое мебошанд, ки ҳанӯз ҳомили анъанаҳои рационалистии атиқа буданд (махсусан дар Сурия). Дар айни замон Настурияро роҳибони Осиёи Хурд, Миср ва Фаластин қабул накарданд. Папаи Рим ҳам ба муқобили Настурия баромадааст. Несторий соли 431 кофир эълон карда шуда, ху­ди Настурия ҳамчун бидъат маҳкум гардид. Настуриёни ба таъқиб дучоргардида то ба Хитой пароканда шуданд. Ҳоло дар Эрон, Ироқ, Сурия ва Ҳиндустон настуриён зиндагй мекунанд.

 

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …