Маълумоти охирин

Наср

«Наср» (ар. — ёрӣ; нусрат, ғалаба), 1) яке аз шӯъбаҳои таронавии «Шашмақом». Шумораи «Наср»-ҳо чордаҳто буда, баъд аз шӯъбаҳои «Талқин» бо усули дойраи ченаки зарбиаш 6/4(4/4,2/4) иҷро мегарданд. Дар ҳар мақом бо номи махсус зикр мешаванд: дар мақоми «Бузург» — «Насри уззол», «Насруллоҳӣ»; дар мақоми «Рост» — «Насри ушшоқ», «Наврӯзи сабо»; дар мақоми «Наво» — «Насри Баёт», «Орази Наво»; дар мақоми «Дугоҳ» — «Насри Чоргоҳ», «Орази Дугоҳ», «Ҳусайнии Ду­гоҳ»; дар мақоми «Сегоҳ» — «Наврӯзи хоро», «Наврӯзи Аҷам»; дар мақоми «Ироқ» — «Муҳайяри Ироқ». Дар таркиби Наср инчунин баъзе оҳангҳои хоси шӯъбаҳои дигар амал доранд, ки ин намудро боз ҳам такмил медиҳанд. Масалан, дар «Насруллоҳӣ» «Авҷи Турк», дар «Насри уззол» «Ушшоқ» ва «уззол» амал доранд. «Наср»-ҳо тавассути «Даромад», «Миёнхат», «Дунаср» ва дигар намудҳо як шакли мукаммалу ҷолиб гирифтаанд. Дар асоси оҳангу таронаҳои «Наср» халқ сурудҳои сершумор офаридааст. 2) Номи шартии қисми таронавии «Шашмақом».

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …