Маълумоти охирин
Главная / Илм / Наср Ибни Сайёр

Наср Ибни Сайёр

Наср Ибни Сайёр (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз ҳокимони араб дар вилояти Хуро­сон. Наср ибни Сайёр ҳокими Хуросон (738) таъин шуда, то соли 748 барои мустаҳкам намудани ҳокимияти Умавиён кӯшид. С-олҳои 738—741 дар музофотҳои миёноби дарёҳои Ому ва Зарафшон, дар Чоч (Тошкент), Фороб ва Фарғона ҷангида, медалҳои ба Ума- виён сарнафаровардаро ба худ тобеъ намуд. Баъди ин асосан сиёсати сулҳҷӯиро пеш гирифт. Вале Мовароуннаҳрро дигар ором карда натавонист. Муборизаи зидди хилофати Умавиён давом кард ва дере нагузашта ҳаракати Аббосиён cap шуд ва он Наср ибни Сайёрро маҷбур кард соли 748 шаҳри Марвро вогузошта, ба сӯи Нишопур ақиб нишинад. Аббосиён дар наздикии шазри Тӯс лашкари Наср ибни Сайёрро торумор карданд ва худи ӯ ҳалок шуд. Бо ҳамин ҳокимияти Умавиён ба охир расида, соли 750 ба ҷои онҳо Аббосиён омаданд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …