Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наср Ибни Мухаммад ибни Аҳмад

Наср Ибни Мухаммад ибни Аҳмад

Наср Ибни Мухаммад ибни Аҳмад ибни Иброҳим Абулайси Самарқандӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1003, Самарқанд), фақуҳи маъруфи форс-тоҷик. Дар давраи илмию адабии Самарқанд ба камол расид.

Асарҳои машҳури ӯ: «Хизонат-ул-фиқҳ» («Хазинаи фиқҳ»), «Тафсил-ул-Қуръон» («Тафсили Қуръон») иборат аз 4 ҷилд, «Ан-навозил» («Воқеот») оид ба фатво, «Китобу мухталиф-ир-ривоя» («Китоби ривоятҳои гуногун»), «Ал- муқаддима фӣ-с-салот» («Муқаддимаи намоз»), «Китобу ақоид-ил- усул» («Китоби ақидаҳо ва асосҳо»), «Бӯстон-ул-орифин» («Бӯстони орифон») — асари ахлоқию дидактикӣ, «Китобу асрор-ил-ваҳй» («Китоби асрори паёми худо»), «Китобу қуррат-ил-уюн ва муфарриҳ-ил-қалб-ил- маҳзун» («Китоби нури дида ва шодибахши дили андӯҳгин»), «Минҳоҷ- ул-ибод» («Раҳнамои бандагони ху­до») шарҳ ба «Китоб-ул-фиқҳ-ул-акбар» («Китоби фиқҳи кабир») ва ғайра, ки аксар то замони мо боқӣ  мондаанд. Онҳо (алалхусус «Хизонат- ул-фиқҳ ва «Танбеҳ-ул- ғофилин») масъалаҳои ҳуқуқи волидайн дар назди фарзанд, ҳуқуқи фарзанд дар назди волидайн, зарари шаробнӯшӣ, баргаштан аз роҳи дурӯғ ва ғайбату ҳасад, хайру эҳсон ба ятимон, раҳму шафқат, фазилатҳои касб, зарурати донистани қоидаи тановули хӯрок, одоб, шарму ҳаё ва ғайраро дар бар мегиранд. Мероси илмии Наср ибни Муҳаммад сарфи назар аз маҳдудияти идео­логӣ ва ақидаҳои динию ирфонӣ, ба­рои муайян намудани вазъи муҳити илмии даврааш, ҳалли баъзе масъа­лаҳои фиқҳ, ахлоқ ва ғайра аҳамият доранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …