Маълумоти охирин
Главная / Илм / Наср Ибни Аҳмад

Наср Ибни Аҳмад

Наср Ибни Аҳмад Ибни Асади Сомонӣ (Насри I, соли таваллуд номаълум — вафот 893), саромади сулолаи Сомониён, ҳокими Самарқанд (864—892). Ӯ дар соҳили дарёи Нодир дар шаҳри Ҳайлам таваллуд ёфтааст. Халқи Бухоро бар зидди зулми Ху­сайн ибни Тоҳир (бародари ҳокими Хуросон — Муҳаммад ибни Тоҳир), ки соли 874 ба Бухоро зер карда даромада буд, шӯриш бардошт ва назди Наср ибни Аҳмад намоянда фиристода, аз ӯ хоҳиш кард, ки ба ҳокими Бухоро касеро аз хонадони Сомониён таъин намояд. Наср ибни Аҳмад бародари худаш Исмоили Сомониро ҳокими Бухоро таъ­ин кард.

Наср ибни Аҳмад соли 875 ҳокими тамоми Мовароуннаҳр шуд ва дирҳамҳои нуқра сикка зад (пеш ба сикка зада­ни тангаҳо фақат Тоҳириён  ҳуқуқ доштанд). Дар давраи ҳукмронии Наср ибни Аҳмад давлати Сомониён, ки ба он Са­марқанду Бухоро, Фарғонаю Чоч ва Исфиҷоб пурра тобеъ буданд, пурқувват гардид. Соли 888 дар байни ба­родарони низоъ ба амал омада, Исмоил (ҳокими Бухоро) ғолиб омад. Ривоят ҳаст, ки яке аз шаҳрҳои Фарғона — Насрободро Аҳмад Ибн Асад ба хотири писараш Наср буньёд кар­да буда аст.

Адабиёт: Бартольд В. В., Туркестан в эпоху монгольского нашествия, Сочинение том 1, Москва, 1963; Негматов Н. Н., Госу­дарство Сасанидов (Мавераннахр и Хо­расан в IX—X вв.), Душнбе, 1977.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …