Маълумоти охирин
Главная / Илм / Наср Ибни Аҳмад ибни Исмоил

Наср Ибни Аҳмад ибни Исмоил

Наср Ибни Аҳмад  ибни Исмоил (Насри II, соли таваллуд тахминан 906 — вафот 943), ҳокими давлати Со­мониён. Азбаски Наср ибни Аҳмад ҳанӯз ноболиғ буд, давлатро аз номи ӯ аввал вазир Абӯабдуллоҳи Ҷайҳонӣ, сони вазир Абулфазли Балъамӣ идора мекарданд. Дар ин давра барои тахту тоҷ дар байни аъзоёни сулолаи Со­мониён задухӯрдҳои тезу тунд ба вуқӯъ омаданд, вале зуд бартараф карда шуданд. Дар замони Наср ибнм Аҳмад дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳа­ракати шиаҳо авҷ гирифта нуфузи оиҳо чунон пурзӯр мегардад, ки ҳатто худи Наср ибни Аҳмад мазҳаби шиаро кабул кард. Рӯҳониёни суниии дав­лати Сомониён аз ин кори Наср ибни Аҳмад норозӣ шуда, бар зидди ӯ сӯиқасд карданд, аммо Наср ибни Аҳмад онро ошкор сохт. Бо ин ҳама, соли 943 Наср ибни Аҳмад аз тахту тоҷ даст кашид ва онро ба писарашНӯҳ I вогузошт. Дар за­мони Наср ибни Аҳмад давлати Сомониён аз ҷиҳати иқисодӣ ва маданӣ нашъунамо ёфт. Ӯ қасру биноҳои пуршукӯҳи зиёде буньёд кард.

Ад.: Бартольд В. В., Туркестан в эпоху монгольского нашествия, Сочинение, том 1, Москва, 1963; Негматов Н. Н., Госу­дарство Саманидов (Мавераннахр и Хо­расан в IX—X вв.), Душанбе, 1977.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …