Главная / Без рубрики / Насонов Николай Викторович

Насонов Николай Викторович

Насонов Николай Викторович (26. 2. 1855, Москва —11. 2. 1939, ҳамон ҷо), зоологи советӣ, академик АФ Петербург (1906; аъзо-корреспондент 1897). Соли 1879 Университети Москваро хатм кардааст. Солҳои 1889—1906 профессори Университети Вар­шава, 1906—21 директори Музеи зо­ология ва 1921—31 мудири лабора­торияи зоологияи таҷрвбавии АФ СССР. Н. асосан морфология, систе­матика, зоогеография, экология ва эмбриологияи ҳашарот, харчангшаклҳо, кирмҳои мӯякбадан, баъзе ҳайвонҳои мӯҳрадорро таҳқиқу тадқиқ кардааст. Соли 1911 нашри «Фаунаи Россия ва мамлакатҳои ҳамҳудудро ба роҳ монд (25 ҷилди ин асар дар зери таҳрири ӯ чоп шуда- аст). Соли 1916 бо ташаббуси ӯ дар назди академия комиссия оид ба омӯзиши кӯли Байкал ва биостансияи Байкал (ҳоло Институти лимноло­гии Шӯъбаи сибирии АФ СССР) таъсис ёфтанд.

Адабиёт: Академику Н. В. Насонову к восьмидесятилетию со дня рождения и шестидесятилетию научной деятельно­сти. Москва, 1937.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

plankton

Планктон

Планктон (аз юнонӣ planklos — гумроҳ, беҳаракат), як гурӯҳ ҷонва- ронеро гӯянд, ки дар қабати …