Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Насонов Дмитрий Николаевич

Насонов Дмитрий Николаевич

Насонов Дмитрий Николаевич (10. 7. 1895, Варшава — 21. 12. .1957, Ленинград), патофизиологи советӣ, аъзо-корреспондент АФ СССР (1943), академик АИТ СССР (1945). Писари Н. В. На­сонов. С. 1919 баъди хатми Университети Петроград дар ҳамон ҷо ва дар Институти умумииттифоқии тибби тақрибавӣ (1933—50) кор кардааст. Аз соли 1935 профессор Университети давлатии Ленин­град, 1957 директори Институти цетологияи АФ СССР. Иштироки комплекси Голҷиро (аппарати тӯршакли дохилиҳуҷайра — органоиди ҳуҷай­ра, ки шаклгирии мудохилаҳои гуногуни дохилиҳуҷайравӣ ба он алоқа дорад) дар секресия ва экскре­сиям ҳуҷайра нишон

дод. Мафҳуми паранекрозро пешпиҳод намуда, на­зарияи ангезиш ва вайроншавиро (бо ҳамроҳии В. Я. Александров) таҳия кард. Ақидаи Н. Б. Введенскийро оид ба сиришти ангезиш инкишоф дода, ягонагии тағйироти функционалӣ ва структуриро дар парабиоз исбот намуд ва назарияи гузаронидани импулси асабиро кор карда баромад. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943).

Асос: Избранное. тр., Москва—Ленинград, 1963.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …