Маълумоти охирин
Главная / Биология / Наслдиҳи ҳайвонот

Наслдиҳи ҳайвонот

Наслдиҳи ҳайвонот, насловарӣ, қобилияти насл оварда тавонистани ҳайвонот, ки ба дар як намуди он хос буда, дар ҷараёни эволюция пайдо шудааст. Он дар ҳай­воноти гуногуннасл ҳар хел мешавад. Ҳайвоноти яксикла, яъне дар давоми ҳаёти худ як маротиба наслдиҳанда, одатан сернасланд; ҳайвоноти серсикла, ки модинаашон якчанд бор насл медиҳад, камнасланд. Ҳайвоноти дарозумр ҳар бор 1—2-тоӣ (на ҳар сол) ва ҳайвоноти кӯтоҳумр (хояндагони майда) соле якчанд ма­ротиба ва ҳар бор то 10—15 бача мезоянд. Наслдиҳӣ мувофиқи синну сол, вобаста ба мавсим ва солҳои гуногун, вобаста ба он, ки ҳайвонот то чӣ андоза бо хӯрок таъминанд ва инчунин вобаста ба шароити иқлим қонунан тағйир меёбад.

Наслдиҳӣ ба ҳар як намуди ҳайвоноти х о ҷ а г и и  қишлоқ ҳам хос аст, масалан, гов ва модиён асосан ҳайвонҳои яктазо мебошанд (баъзан дугоназоии гов 1— 3%, модиён 1—1,5%, ҳодисаи аз 3 то 7 гӯсола зоидани гов ва 4 тойча зоидани модиён низ маълум аст); хук вобаста ба зот ба ҳисоби миёна ҳар бор 6—12 (сернаслаш 17—20, баъзан то 30) хукбача, гӯсфанд мисли буэ 1—2, гӯсфанди ромоновӣ 2—3 (баъзеаш то 9) барра, харгӯш 5—6 (то 18) бача мекунанд; ҳангоми дар қафас парвариш кардан рӯбоҳ 4, самур 3, рӯбоҳи қутбӣ 11 бача мезояд. Ба­рои афзоиш ба таври максималӣ истифода бурдани имкониятҳои физи­ологии табиии ҳайвонот яке аз проблемаҳои асосии чорводорӣ ва шарти ҳатмии таҷдиди ҳарҷонибаи ра­ма мебошад.

Хонагӣ намудан ва тағйир додани шароити зиндагии қисми зиёди ҳай­воноти хоҷагии қишлоқ боиси афзоши қобилияти Наслдиҳи гардидааст. Сернасли аз насл ба насл гузашта, ҳамчун аломати муҳимми зот бо роҳи хостагирӣ ва интихоб инкишоф дода мешавад. Бинобар ин ҳангоми ба ҳайвон баҳо додан ва барои наслгирӣ интихоб кардани он сернаслиашро ба назар мегиранд. Муҳайё намудани шароити оптималии хӯрокдиҳӣ, дуруст нигоҳдориву истифодаи мӯътадили ҳайвон, дуруст парвардани ҷавона, истифодаи ангезандаи рушд (стимуляторҳо), пешгирӣ ва барҳам додани касалиҳо шарти асосии баланд бардоштани қобилиятияти наслдиҳии ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ мебошад.

Адабиёт: Руководство по разведению животных, том 1, Москва, 1963; Кушнер X. Ф., Наследственность сельскохозяйственных животных (с элементами селекции), Москва, 1964.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …