Маълумоти охирин

Наск

Наск (Lens), ҷинси растаниҳои яксолаест аз лӯбиёиҳо. Пояаш рост ё каме хам, баландиаш 20—55 см. Баргаш майдаи мӯякдор, гулаш майда, сафед, гулобӣ ва бунафши ка- будча, 1—3-тоӣ дар бари барг ҷойгир аст. Наск худ аз худ ва ба воситаи ҳашарот гардолуд мешавад. Ғилофакаш кӯтоҳи ромбшакл, ду-се, баъзан як дона дорад. Донаш мудаввари барҷаста, андоза ва рангаш дар навъҳои гуногун ҳар хел мешавад. Аз рӯи ҳачми донаш Наскро ба Наски муқаррарии калондона (5,5—9 миллиметр) ва майда дона (2—5,5 миллиметр) тақсим ме­кунанд. Дар кишвҳои баҳри Миёназамин, Осиёи Хурд, Закавказия.

Осиёи Миёна 5 намуди Наск мавҷуд буда, асосан як намуд Наскии муқарарӣ (L. culinaris) кошта мешавад.  Дар бисёр мамлакатҳои Европа, Осиё, Африкаи Шимолӣ паҳ шуда, дар СССР чун зироати ғалладонаю хӯроки чорво дар қисми ҷануби европоию Поволжия ва Осиёи Миёна кишт мешавад. Намуди мазрӯи Наск ба ду зернамуд ва дар як зернамуд ба хелҳои гуногун тақсим мешавад. Хелҳои зернамуди Наски майдадона дар се гурӯҳ: осиёӣ, европоӣ ва мобаинӣ муттаҳид мегарданд. Дар Тоҷикистон аз соли 1945 ин ҷониб Наски «Тоҷикӣ-95»-ро кишт мекунанд. Вобаста ба навъ ва шароити сабзиш даври нашви Наск аз 60 то 115 шаборӯз.

Ба хунукӣ тобовар аст. Тухмаш дар ҳарорати 4—5° Селсия сабзида, наврӯстааш ба хунукии то —2—3° тоб меорад. Наскро одатан дар шудгори ғал­ладонаҳои хӯшадор мекоранд. Дар навбати худ Наск чун нитроандӯз ба­ров ғалладона, хусусан гандум пешкишти хуб ҳам мебошад. Наскро бо усули қатории саросар ва қатории камбар аввали баҳор мекоранд. Нор­маи кишти Наски навъи «тоҷикӣ-95» барои минтақаҳои ҷудогонаи рес­публика ин қадар аст (ба ҳисоби кг/га): дар заминҳои лалмии боришоташон миёнаи минтақаи Ленинобод—50 киллограмм; дар заминҳои лалмии сербориши минтақаҳои Ҳисор ва Кӯлоб, хоҷагии ғаллакории районҳон Куйбышев ва Ёвон — 60 киллограмм; дар за­минҳои лалмии сербориши минтақаи Ғарм — 75 киллограмм.

Тухми Наск ба ҳи­соби миёна ба чуқурии 3—4 сантимето кош­та мешавад. Дони расидаи хушки Наск аз 23 то 32% сафеда, то 60% оҳор, тo 2,5% равган, аз 2,5 то 5% клет­чатка, витамини В1 ва В2 дорад. Бар­гу пояи сабз, пешбода ва коҳи Наскро барои хӯроки ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ба кор мебаранд. 100 киллограмм дони Наск қариб баробари 120 воҳиди хӯрокӣ ва 21 киллограмм протеини ҳозим аст.

Адабиёт: Леонтьев В. М., Чечевица, Ленинград, 19вв; Жуковой ий П. М., Культур­ные растения и их сородичи. Ленинград, 1971;

ҚосимовҶ. К., Крейдик Б. М., Невзоров В. В., Зироатҳои Тоҷикистон, Душанбе, 1075.

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …