Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Насируддини Тӯсӣ Абӯҷаъфар

Насируддини Тӯсӣ Абӯҷаъфар

Насируддини Тӯсӣ Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳа­сан (1201, Тӯс — 1272, Бағдод), олим ва файласуфи асри 13 форс-тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар назди падар (сарфу наҳв, фиқҳ) ва амакаш (мантиқ ва фалсафа) гирифта, барои такмили дониш ба Нишопур рафт. Баъди тохти муғулҳо ба Эрон (тақрибан соли 1227) ба Кӯҳистон фирор кард ва то соли 1256 он ҷо монда ба сабаби номаълуме чанд вақт зиндонӣ низ шудааст.

Баъди Кӯҳистонро забт кардани Ҳалокухон Насируддини Тӯсӣ ба Мароға омад ва расадгоҳи Мароғаро таъсис намуд. Насируддини Тӯсӣ дар соҳаҳои гуногуни илм зиёда аз 200 асар таълиф кардааст. Ӯ замону макон ва ҳаракатро қадим ва абадӣ медонист, зеро онҳо на дар гузашта ҳидоят доранд ва на дар оянда ниҳоят. Ило- ва бар ин ӯ принципи сабабиятро эътироф карда, на танҳо робитаи байни ҳодисаҳо, балки ҳатто таносуби худо ва оламро ҳам аз рӯи он маънидод мекунад. Хизмати бузур- ги таърихии Насируддини Тӯсӣ ин аст, ки ӯ фалсафаи машшоия ва анъанаҳои илмии Ибни Синоро аз ҳамлаҳои Муаммади Ғазолӣ ва Фахруддини Розӣ ҳимоя карда, ривоҷ додааст.

Аҳидаҳои фалсафию иҷтимоӣ ва ахлоқии Насируддини Тӯсӣ дар «Асос-ул-иқтибос», «Равзат-ут-таслим», Ахлоқи Носирй», «Шарҳ-ул-ишорот», «Қавоид-ул- ақоид», «Тадрид-ул-ақоид», «Таҷрид- ул-калом» баён шудаасд. Ӯ масъалаи асосии фалсафаи асрҳои миёна — масъалаи таносуби табиат ва худоро таҳқиқ намуда, чун Ибни Сино ва Ибни Рушд исбот мекард, ки олам қадим аст, зеро «Аллоҳи таоло ҳамеша холиқ бувад ва чун холиқ гуфтӣ, махлуқ ҳам бояд бувад, яъне ин олам ҳам худ лозим бошад. Пас, ҳаргиз набувад, ки ин олам набуд* («Равзат-ут-таслим», Бамбай, 1950, саҳифаи 59). Чунин шарҳи масъала Насируддин Тӯсиро дар тадқиқи моҳияти ҳодисадои олам (гирифти Моҳу Офтоб, ҳаракати сайёраҳо, барфу бо­рон, жола, шамол, тирукамон, зил- зила, инъикос ва инкисори нур, пайдоиши ҷавоҳирот, субҳи козибу содиқ ва ғайра) ба сӯи материализми табиию илмӣ ҳидоят кардааст. Вале Насируддини ӯсӣ масъалаҳои фалсафаи ҳастиро аз як мавқеи муайяни ғоявӣ ҳал на-кардааст. Чунончӣ, Насируддини Тӯсӣ дар баробари ҷавҳари моддӣ (ҳаюло, сурат, ҷисм) ҷавҳари руҳонии муфориқ ва мухтор аз ҷисм (ақл, нафс)-ро низ эътироф мекунад. Вай нафси наботию ҳайвониро ба ҷисм зич алоқаманд донад ҳам, нафси нотиқаро ба ҷисм марбут намешуморад.

Назарияи маърифати Насируддини Тӯсӣ ба як ҳисоб назарияи инъикос аст, зеро

 

ба ақидаи ӯ дониш муртасим (расм бастан) ва мунтабеъ (нақш бастан) шудани сурати (образи) чизҳо дар ҳис ва ақли инсон мебошад («Асос- ул-иқтибос», Теҳрон, 1325, асҳ. 7— 2061,    375—378—399). Илм…,—навишта буд ӯ,— тасаввур аст ё тасдиқ…, тасаввури чизҳо ё тасаввури том бувад, бар ваҷҳе, ки сурати зеҳнии он чизҳо мутобиқи сурати хориҷӣ бошад бе ҳеҷ тафовут; ё тасаввури ғайри том бувад, бар ваҷҳе, ки сурати зеҳнӣ  наздик бувад ба сурати хориҷӣ ё шабеҳ ба он ё тасаввуре фосид бувад, ғайри мутобиқ. Ва ҳамчунин тасдиқ ё муқтазои эътиқоде бувад ё набувад. Агар бувад, он эътиқод ҷозим бувад ё набувад… Ва эътиқоди ҷозим ё мутобиқ бошад ба он чи фӣ нафсиламр (худ ба худ) бошад; ё он чи муқта- зои вазъе ом ё хоси бафеъл, ё бақувват, ё мутобиқ набувад. Аввал яқинӣ бошад, дуввум ба ҳасби шӯҳратёб илзом бувад ва сеюм ғалат бу­вад» (ҳамон ҷо, саҳифаи 341—42). Насируддини Тӯсӣ  дар назарияи маърифаташ якчанд ақидаи муҳимми диалектикиро баён кардааст. Маърифати ашё на якбора, балки дараҷа ба дараҷа ба амал меояд. Бинобар ин: «Маърифати

чизҳо амре нест, ки ҳусули он дафъати воҳидат (якка) бошад, бал онро маротиб аст дар қуввату заъф ва вузӯҳу (айн) хуфо ва хусусу умум ва камолу нуқсон… Ва баёнаш он аст, ки маърифате ҳаст чизеро ба зоти он чиз ва маърифате ҳаст ҳа­мон чизро ба зотиёти он чиз ва маърифате ҳаст ҳамон чизро ба аразиёташ ва маърифате ҳаст ҳамон чиз­ро ба ашбоҳ (шабоҳат) ва назоираш» (ҳамон ҷо, саҳифаи 411). Аз ҳамин нуқтаи назар вай ҷиҳатҳои метафизикии назарияи маърифати Муҳаммади Ғазолӣ ва Фахруддини Розиро танқид карда буд. Насируддини Тӯсӣ ба идроки дурусти таносуби ҳақиқати мутлақу нисбӣ, дониши яқиниву эҳтимолй хеле наздик омада буд.

Насируддини Тӯсӣ доир ба мантиқ низ тадқиқоти зиёде дорад, ки муҳимтаринашон «Асос-ул-иқтибос» аст. Дар ин асар ҳама қисматҳои мантиқ: таълимот дар бораи лафз (мафҳум), қазия (ҳукм), қиёс, бурҳон (исбот) ва ғайра баён шудааст. Илова ба ин, муаллиф масъалаҳои ҷадал — диалектика чун санъати мунозира, риторика чун санъати нутқ ва моҳияти софистика (суфастоӣ)-ро хеле чуқур таҳлил кардааст. Хизмати бузурги Насируддини Тӯсӣ дар соҳаи мантиқ аз он низ иборат аст, ки вай баъди Абулбаракоти Бағдодӣ (1065—1152) дар кашф ва такмили мантиқи риёзӣ кӯшиши зиёде карда буд. Назариёти иҷтимоӣ ва ахлоқии Насируддини Тӯсӣ дар «Ахлоқи Носирӣ», «Ахлоқи мӯҳташамӣ», «Авсоф-ул- ашроф», «Насиҳатнома ба Обоқохон» ва ғайра дарҷ шудааст. Ба ақидаи ӯ мадина (ҷамъият) иттиҳоди махсуси одамон аст. Шаклҳои асосии иттиҳод оила, маҳалла, шаҳр мебошанд. Фақат ба туфайли иттиҳод одамон ме­тавонанд неъматҳои барои рӯзгор заруриро истеҳсол кунанд, бақои худ, насл ва мадинаро (ҷамъиятро) таъмин намоянд («Ахлоқи Носирӣ», Бамбай, 1320 ҳ., саҳифаи 281—84, 350— 53). Аз ин чунин бармеояд, ки Насируддини Тӯсӣ истеҳсоли воситаҳои зиндагй, иттиҳоду дастгирии якдигар (таовун)-ро шарти асосии инкишофи ҷамъият медонад. Бииобар ин ӯ табақаҳои муфтхӯри ҷамъият — зоҳидон, қаландарон, рӯҳониён ва ҳамаи он гурӯҳҳоеро, ки аз таовун ва иттиҳод саркашӣ мекунанд, сахт тавқид менамояд (ҳамон ҷо, саҳифаи 363—64). Аҳамияти ҳунар, ҳунармандон ва кишоварзонро дар ҳаёти ҷамъият басе бузург медонад. Утопияи иҷтимоии Насируддини Тӯсӣ дар назариёти ӯ оид ба мадинаи ҳуррият ифода ёфтааст. «Мадинаи ҳуррият,— навишта буд ӯ,— ва онро мадинаи ҷамоат хонанд, иҷтимое бувад, ки ҳар шахсе дар он иҷтимоъ мутлақ ва махло (комилҳуқуқ ва озод) бошад бо нафси худ, то он чи хоҳад, кунад. Ва аҳли ин мадина мутасовӣ бошанд ва якеро бар дигаре мазиди фазле тасаввур накунанд. Ва аҳли ин мадина ҷумла аҳрор (озодихоҳ) бошанд… Ҷумҳури аҳли мадина бар руасо (раисон) ғолиб бошад, чи руасоро он бояд кард, ки эшон хоҳанд кард ва агар тааммул карда шавад, миёни эшон на ра­исе бувад, на маръусе (зердасте)… Маҳмудтарин наздики эшон касе бу­вад, ки дар ҳуррияти ҷамот кӯшад ва эшонро… аз аъдо нигоҳ дорад… Ва ҳама кас мақоми он ҷо дуст доранд, ҳар касе ба ҳаво ва ғарази дуд тавонад расид ва аз ин ҷиҳат умам ва тавоиф руй бад-он биниҳанд… Ва дар ин мадина миёни ғариб ва муқим фарқе набувад» (ҳамон ҷо, саҳифаи 425—28).

Нуқтаҳои асосии таълимоти ахлоқии Насируддини Тӯсӣ чунинанд: 1) ахлоқ амри фитрию модарзодӣ нест, балки бо таъсири муҳит ва тарбия ташаккул меёбад; 2) ахлоқ тағйирпазир буда, онро вобаста ба шароити тарбия такмил додан ва ислоҳ кардан мумкин. аст; 3) инсон дар рафтору кирдор соҳибихтиёру озод ва барои он масъул аст (ҳамон ҷо, саҳифаи 109— 115). Ақидаҳои ахлоқии  ӯ бар зидди ғояҳои ислому калом, аз ҷумла ашъария равона шуданд; ашъариён ахлоқро фитрӣ ва тағйирнопазир шумурда, соҳибихтиёрии инсонро дар рафтору кирдор рад мекарданд. Назариёти иҷтимоӣ ва ахлоқии Насируддини Тӯсӣ албатта аз маҳдудияти  таърихй озод нест.

Насируддини  Тӯсӣ дар соҳаҳои гуногуни илми табиатшиносии замонаш низ дасти қавӣ дошт. Чунончи, вай дар асарҳояш «Таҳрири Уқлидус», «Усули ҳандаса» ва «Шакл-ул-қитъа» наза­рияи хатҳо ва нисбатҳои мутавозиро инкишоф дода, тригонометрияро ба илми мустақил мубаддал кард ва барои пайдоиши геометрияи ғайриевклидӣ шароит фароҳам овард. Ин кашфиёти Насируддини Тӯсӣ ба инкишофи мате­матика дар Европа таъсири муфид расонид. Асарҳои астрономии Насируддини Тӯсӣ, аз ҷумла «Зиҷи элхонӣ», «Тазкираи насирия», «Бист боб дар устурлоб», «Зубдат-ул-ҳайъат», «Сӣ фасл дар тақвим», «Рисола дар тақвим ва ҳаракати афлок» далолат мекунанд, ки ӯ тарафдори назарияи геоцентрии Батлимус (Птолемей) буд. Вале ӯ ин назарияро бетағйир қабул накар­да, дар асоси мушоҳидаҳое, ки дар расадгоди Мароға сурат бастаанд, такмил додааст. Насируддини Тӯсӣ оид ба илми тиб ҳам як қатор асарҳо таълиф кар­дааст, ки «Қавонин-ут-тиб», «Ҳавоши бар куллиёти «Қонуни Бӯалӣ», «Ҳалли мушкилоти «Қонун»-и Бӯалӣ» аз ҷумлаи онҳоанд.

Насируддини Тӯсӣ ба шеъру шоирӣ ҳам рағбат доштааст. Асари ӯ «Меъёр-ул-ашъор» то ҳол яке аз манбаъҳое омӯхтани арӯз мебошад. Ғазал, рубоиёт ва достонҳои ӯ («Мадхали ҳайъат», «Таммат») аа мазмунҳои илмию фалсафӣ саршоранд.

Насируддини Тӯсӣ дар инкишофи забони адабӣ ва илмии форсӣ-тоҷикӣ, аз ҷумла ташаккули истилоҳот хизмати босазое кардааст. Ӯ ба ин забон зиёда ааз сад асар таълиф карда, ислоҳоти илмию фалсафӣ ва нормаҳои сарфу наҳви онро такмил додааст.

Ас.:

Адабиёт: Болтаев M. Н., Вопросы гно­сеологии и логики в произведениях Ибн Сины и его школы, Душанбе 1965; Диноршоев М., Философия Насириддина Ту­си, Душанбе, 1968; М а м е д б е й л и Г. Д., Ос­нователь марагинской обсерватории Насирэддина Туси, Баку, 1961;

  1. M. Диноршоев.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …