Главная / Маданият ва санъат / Насимӣ Саидимомуддин

Насимӣ Саидимомуддин

Насимӣ  Саидимомуддин (тақрибан 1369—1417, Ҳалаб), шоири озарбойҷонӣ. Аз оилаи деҳқон. Ба забонҳои озарбойҷонӣ, форсӣ ва арабӣ шеър гуфтааст. Тахаллусҳои дигараш — «Ҳошимӣ», «Санд», «Ҳусайнӣ». Шоир дар муҳити аҳли хунар ба камол расида, илмҳои фиқҳ, мантиқ, риёзиёт, ҳайъат ва ғайраро омӯхтааст. Насимӣ шоири озодфикре бу­да, дар ашъораш ба қудрати хиради инсон боварӣ изҳор кардааст ва ваҳдати вуҷудро тарғиб намудааст. Насимӣ барои лоуболию озодфикриаш ба таъқиби рӯҳониёни мутаассиб ги- рифтор шуда, бо фатвои онҳо зиндабазинда пӯст канда шуд. Мувофиқи ахбори муаллифони асарҳои таърихӣ ва тазкирнависон Насимӣ ба забонҳои озарбойҷонӣ, форсӣ ва арабӣ се де­вон доштааст.

Ҳоло танҳо девони форсӣ ва озарбойҷонии Насимӣ дастраси муҳаққиқон мебошад. Насимӣ дар ғазал ва рубоӣ устод буд. Baй ба муқобили зулми феодалӣ ва таассуби динӣ cap бардошта, дар ҳимояи хирад ва ҳақиқат сухан рондааст. Дар айнӣ замон ашъори ӯ аз оҳангҳои мисти­кии фонӣ будани дуньё холй нест, вале ии оҳангҳо аксаран бо анъанаҳои гуманистии назми Шарқ омезиш ёфтаанд. Баъзе шеърҳои Насимӣ дар татаббӯи Ҳофиз гуфта шудаанд. Эҷодиёти Насимӣ ба шоирони озарбойҷонӣ ва форс-тоҷик таъсир расонидааст.

Нусхаҳои дастнависи девонҳои Насимӣ дар китобхонаҳои Туркия, Ироқ, Су­рия, Миср, Эрон, шаҳрҳои Париж, Лондон, Кембриҷ, Оксфорд, Боку, Ленинград, Тбилиси, Тошкент мавҷуданд. Девони форсии Насимӣ сооҳои 1850, 1887 дар Истамбул ба табъ расидааст. Соли 1926 қисме аз девони форсии Насимӣ бо чанде аз ашъори туркиаш дар Боку чоп шуд. Комилтарин нашри девони форсии Насимӣ чопи Боку (1972) аст. Ношири он Ҳамид Мудҳммадзода аз дастнависҳои нодир, инчунин аз баёну ҷунгҳои зиёде истифода кардааст.

Адабиёт: Ариф М., История азербайд­жанской литературы, Баку, 1971;

Арасли Ҳ., Имомиддин Насимий (хаёти ва ижоди), Тошкент, 1973.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

bozgasht

БОЗГАШТ

БОЗГАШТ дар тасаввуф асл (калима)-и шамум аз усул (калимот)-и ҳаштгонаи вазъкардаи хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, ки …