Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Насибии Кирмоншоҳӣ

Насибии Кирмоншоҳӣ

Насибии Кирмоншоҳӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19 эронӣ. Фаъолияти эҷо-диаш дар дарбори Фатҳалишоҳӣ Қоҷор (ҳукмронии 1797—1834) оғоз ёфт. Ӯ дар ин ҷо обрӯю эътибори зиёде дошт ва ба унвони «фахрушшуаро» расида буд. Баъдтар Насибии Кирмоншоҳӣ ба Ҳиндустон сафар карда, дар шаҳри Лакҳнав зиндагӣ ихтиёр менамояд ва мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ то соли 1844 дар ҳаёт будааст. Аз Насибии Кирмоншоҳӣ девони ашъор, ки аз қасоид, ғазалиёт, тарҷеъбандҳо, рубоиёт ва қитаот таркиб ёфтааст, инчунин бо номи «Лаилй ва Маҷнун», «Баҳри висол», «Сулаймон ва’ Билқис», «Обу оташ», «Масруфи салотин», «Лолаи бӯстон» маснавҳҳое то замони мо расидаанд. Насибии Кирмоншоҳӣ асосан ба мавзӯъқои анъанавии адабиёти классикии форс-тоҷик даст задааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …