Насиб (ар. vt-5 —олинажод), яке аз қисмҳои қасида, ки пеш аз мадху ситоиши мамдӯҳ меояд. Шоир барои ороиши шеър ва ҷалб намудани диққати хонанда дар ситоиши маъшуқа, гулу сабза, бору баҳор, бода ва ғайрв чанд байтеро дар мавзӯи ишқу ошиқӣ меорад. Бештари қасидаҳои шоирони форс-тоҷик (Рӯдакӣ, Дақиқй, Фаррухӣ, Ману- чеҳрӣ, Масъуди Саъди Салмон ва дигарон) Насиб доранд.