Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нашрияҳои спортӣ

Нашрияҳои спортӣ

Нашрияҳои спортӣ, газета, журнал, бюллетен ва дигар нашрия­ҳои махсуси даврӣ, ки вазифаи асосиашон тарғиби физкултура ва спорт аст. Нашрияҳои спортӣ василаи мудимми оперативона паҳн намудани ахбороти оммавии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва спорт ба шумор мераванд. Дар Россияи тореволюционӣ дар солҳои гуногун бештар аз 100 газетаю журналҳои спортӣ нашр шудаанд, ки аксари онҳо бо тиражи кам мебаромаданд. Якумин нашрияи ватанӣ «Еженедельник для охотников до ло­шадей» (Москва, аз 1823) буд. Аз соли 1842 дар Москва журнали «Коневодство и кон­ный спорт», аз 1859 дар Петербург «Шахматный листок» чоп шуданд. Охири асри 19 дар шаҳрҳои Киев, Одесса, Рига, Саратов, Тула Нашрияҳои спортӣ ба вуҷуд омаданд. Дар газетаю журналҳои спортӣ ғояҳои спорти буржуазӣ, сиёсати ҳукумати подшоҳӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ тарғиб карда мешуданд. Журналҳои «Самокат» (аз 1894), «Русский спорт» (аз 1909) аз ҷумлаи нашрияҳои бонуфуз буданд.

Дар СССР Нашрияҳои спортӣ унсури системаи тарбияи коммунистист. Программаи КПСС (1961) ва қарори КМ КПСС «Дар бораи чорабиниҳои минбаъдаи инкишофи физкултура ва спорт» (1966) вазифаҳои асосии Нашрияҳои спортиро муайян намуданд. Роҳбарии бевоситаи Нашрияҳои спортӣ ба зиммаи Комитети физ­культура ва спортӣ назди Совети Вазирони СССР гузошта шудааст. Дар СССР Нашрияҳои спортии марказӣ (газетаю журналҳое, ки органҳои Комитети физкултура ва спорти назди Совети Вазирони СССР, ВЦСЦС, ДОСААФ-и СССР ва дигар ташкилотҳои марказӣ, инчунин федератсияҳои спортии умумииттифоқианд), республикавӣ (органҳои комитетҳои спортии республикавӣ, комитетҳои иттифоқи касаба, инчунин ДОСААФ ва федера­тсияҳои спортӣ) ва маҳаллӣ (илова ба газетаҳои вилоятию шаҳрӣ, бюллетенҳои барномаҳои мусобиқаҳои спортӣ ва ғайра) мавҷуданд. Аввалин нашрияҳои даврагии советӣ оид ба физкултура ва спорт солҳои 20 [дар Москва журналҳои «Спорт» (1918), «Из­вестия физической культуры», «Тео­рия и практика физической культу­ры», «Физкультура и спорт», «Физкултактивист» (1927—31), дар Ле­нинград «Всеобуч и спорт» (1922— 24), «Спартак» (1924—39), дар Киев «Красный спорт» (1922—23), газетаи «Красный спорт» (ҳозира «Советс­кий спорт») ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Солҳои 30 дар Украина, Гурҷистон, Арманистон, як қатор шаҳрҳои Сибир ва Урал ингуна газетаю журналҳо пайдо шуданд. Солҳои 20—30 қариб 40 Нашрияҳои спортии даврагӣ ва ғайра аз чоп баромаданд.

Соли 1976 13 газетаи умумииттифоқӣ ва республикавӣ ба 11 забони халқҳои СССР чоп шуд, ки тиражи яквақтаи онҳо зиёда аз 5 миллион нусхаро ташкил медод. Он сол бештар аз 20 журнал (умумииттифокию республикавӣ) бо тиражи яквақтаи тақрибан 2 миллион нусха нашр гардид. Масъалаҳои физкультураю спорт инчунин дар саҳифаҳои газетаҳои марказӣ ва журналҳои «Турист», «Крылья Родины», «Коневодство и конный спорт», «Ры­боводство и рыболовство» ва ғайра инъикос меёбанд. Нашрияҳои спортии давлатӣ дар дигар мамлакатҳои сотсиалисте, ки дар онҳо қариб 100 газетаю журналҳои спортӣ ва ғайра, аз ҷумла дар Республикаи Демократии Германия — тақрибан 40 номгӯй, РСЧС — 20, РХП — зиёда аэ 10 номгӯй бо тиражи оммавӣ нашр мешаванд, торафт вусъат меёбанд.

Дар мамлакатҳои капита­листе Нашрияҳои спортии давлатӣ вуҷуд надоранд, газетаю журналҳои спортиро нашриётҳои ҷудогона, иттифоқҳои спортӣ, клубҳо ва ғайра интишор мекунанд. Дар як қатор мамлакатҳо (маесалан, ШМА, Франсия, Англия, РФГ, Япония, Италия) нашрияҳои бисёри даврагӣ мавҷуданд, ки одатан характери эълону ахборотӣ ва тиҷоратӣ дошта, бештаринашон бо тира­жи ниҳоят кам мебароянд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

images

БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ

БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ (1527, Истанбул-1599, ҳамон ҷо), шоири турк. Дар мадрасаи Сулаймонияи Истанбул таҳсил кардааст. …