Маълумоти охирин

Нашити Форсӣ

Нашити Форсӣ (таваллуд номаълум, Рай — вафот 712, Ма­дина), ҳофиз, мусиқишинос, навозандаи форс-тоҷик. Мусиқиро аз падараш омӯхтааст. То хуҷуми арабҳо ба Эрон Нашити Форсӣ дар дарбори Яздигурди II Сосонӣ чун мутриб хизмат карда, сарварии дастаи мусиқичиёнро ба ӯҳда дошт. Арабҳо баъди истилои Эрон Нашити Форсиро бо худ ба Ма­дина бурданд. Ӯ дар ин ҷо забони арабиро омӯхт.

Нашиди Форсӣ бештар дар иҷрои суруду оҳангҳои мавсимӣ ва мароснмӣ (баҳория, марсия) шӯҳрат дошт ва дар ин мавзӯъ асарҳои зиёд эҷод кардааст. Ӯ чанде дар дарбори халифаҳои араб Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ва Абдулмалик ибни Марвон хизмат намуд ва бо ҳамкории шогирдаш Ибни Мӯҳриз дастаҳои мусиқӣ ташкил кард. Нашиди Форсӣ аввалин санъаткорест, ки ба мусиқии арабӣ шакли маъмули мусиқии мардуми Хуросон «равошин»-ро дохил намудааст. Баъзе санъаткорон мисли Ҷамила, Ибни Сурайё, Маъбад, Ибни Мӯҳриз ва ғайра, аз шогирдони Нашиди Форсӣ мебошанд

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …