Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Нашъамандӣ

Нашъамандӣ

Нашъамандӣ, гиёҳмандӣ, бангигӣ, наркомания, ҳолати ба моддаҳои наркотики (морфин, афъюн, кокаин, нашъа ва ғайра), хобовар (барбамил, нембутал, мединал ва ғайра), рафъи дард (промедол, фе­насетин, амидопирин ва ғайра) одат кар­дан (хуморӣ шудан). Ҳангоми Нашъамандӣ фаъолияти ҳаётии организм фақат дар сурати истеъмоли доимии наркотикҳо ба дараҷаи муайян нигоҳ дошта мешавад. Қатъи якбораи онҳо боиси таӯйир ёфтани бисёр функсияҳои организм—абстиненсия мегардад. Истеъмоли мунтазами наркотикҳо одамро рӯҳан заиф мегардонад. Нашъамандҳо одатан тарсончак, худбин, камхоб буда, ҳисси масъулият, вазифашиносӣ ва қобилияти эҷодкории худро гум меку- нанд. Барои ислоҳи нашъамандҳо чораҳои гуногуни тиббӣ ва маъмурӣ мебинанд. Дар СССР бе рухсати махсус тайёр кардан ё фурӯхтани наркотикҳо ҷиноят аст.

Дар РСС Тоҷикистон аввалин тадқиқотҳои илмӣ оид ба Нашъамандӣ ба омӯзиши нашъакашӣ бахшида шуда буд. Мутахассисон зуҳуроти клиникӣ ва баъзе қонуниятҳои интоксикатсияи нашъакаширо омӯхта, муқаррар намуданд, ки ҳангоми психози нашъакашӣ, гарчанде ақл ба назар солим намояд ҳам, сафсатагӯӣ, галюсинасция ва баъзе ҳолатҳои дигар мушоҳида мешавад. Нигаред низ Алкоголизм.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …