Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нашагул

Нашагул

Нашагул (Rudbeckia), ҷинси растаниҳои як, ду ё бисёрсолаи алафӣ, мансуби мураккабгулҳо По­яи баланд, барги пурра ё паршакл, гултӯдаи сабатак, гулҷояи барҷастаи думчабаргаш нӯгтез дорад. Забончагулаш бесамар, одатан зард ё норинҷӣ буда, найчагулаш дуҷинсаи бештар қирмизӣ мебошад. Қариб 30 намуди Нашагул асосан дар даштҳои Америкаи Шимо- лӣ мерӯяд. Аксар  намӯдҳои Нашагул ороишӣ буда, аз июл то октябр гул мекунанд. Нашагул растании хушкитобовар аст. Онро чун дигар гулҳои баландқад барои буттадевор ва чорбоғ истифода мебаранд. Нашагулро аз тухм ва бехҷаст зиёд мекунанд. Дар Тоҷикистоя 4 намуди Нашагул (R. ful- qida, R. hirta, R. laciniata ва R. spe- ciosa) aз cоли 1940 парвариш карда мешавад. R. hirta растении яксола бу­да, баландиаш 0,50—0,75 метр, гулаш зард ё зарди тиллоранг аст. R. ful- qiaa, R. laciniata ва R. speciosa pacтаниҳои бисёрсолаи қадашон 0,8— 2,5 и буда, гули зард, зарди тиллоранг ё зарди баланд доранд.

Адабиёт: Цветоводство в городах и посёл­ках Таджикистана, Душанбе, 1965; Полетико О. М., Мишенкова А. П., Деко­ративные травянистые растения, откры­того грунта, Ленинград, J967.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …