Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нашъагиёҳ

Нашъагиёҳ

Нашъагиёҳ (Can­nabis ruderalis), як навъ растании худрӯест аз оилаи тутиҳо. Балан­дии пояаш 1—2 метр, барги парра- парраи рӯ ба рӯ ҷойгиршуда ва гули якҷинса дорад. Нашъагиёҳ асосан дар Осиёи Миёна (Помиру Олой, Тиёншон), қисми ҷануби европоии СССР, Кавказ, Сибири Ғарбӣ ва Европаи Ҷануби Шарқӣ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон Нашъагиёҳ дар боғу лаби ҷӯйбор, киштзорҳо месабзад. Моҳҳои май — август гул карда, июну сентябр, мева медиҳад. Нашъагиёҳ дар саноат чун растении нахдеҳ истифода мешавад. Аз вай нахи дурушт мегиранд.

Адабиёт: Флора Таджикской ССР, том 3, Ленинград, 1968.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …