Маълумоти охирин
Главная / Илм / Насх

Насх

Насх (ар. нусхабардорӣ, рӯйнавискунӣ), як навъи хати арабист. Дар асри 9 ва аввали асри 10 аз хатҳои муҳаққақ ва сулс ба вуҷуд омадааст. Дар такмилн Насх хизмати Ибни Муқла ва бародараш Абдуллоҳ бузург аст. Насх аз ҷиҳати осонхонӣ дар байни тамоми навъҳои хати арабӣ дар ҷои аввал меистод. Баробари ба вуҷуд омаданаш зуд паҳн шуд ва ҷои дигар хатҳоро гирифт. Дар Насх ҳа­маи ҳарфҳо пурра ва бо таносуби муайян навишта мешаванд. Инчунин лозим аст, ки ҳарфҳои ба ҳам монанд: бе (v), те (^), се (^), ҷим (с), хе (с), хе (с), дол (*), зря (*), ре 0), зе О) ва ғайра дар ҳар ҳолат андозаи якхела дошта бошанд.

Дар Наск ҳарфҳо ҳеҷ вақт бо ҳам печида навишта намешаванд; хаттот ҳақ надорад, ки шакли ҳарфҳоро тағйир диҳад. Ҳарфҳоп чопӣ дар асоси Наск сохта шудаанд. Наск беш аз ҳазор сол боз дар тамоми кишварҳои исломӣ маъмул аст ва ба тағйиру таҳаввуле дучор наомадааст. Фанат солҳои 20 асри 20 малики Миср Фуоди 1 хост дар Наск ҳарфҳои калон ва аломатҳои китобӣ ҷорӣ ку­над, вале ин кушиши ӯ қобили пайравӣ нагардид. Машқуртарин хушнависон, ки дар навиштани Наск моҳир буданд ва ҳар кадом сабки хос доштанд, инҳоянд: Ибни Баввоб, Ёқути Мустаъсимӣ, Қобус ибни Вушмгир, Абӯюсуфи Гулпойгонй,

Аҳмади Туркистонӣ, Абдулмӯъмини Исфаҳонй, Ҳамдуллоҳи Бухороӣ ва писараш Мустафо, Мирзо Аҳмади Найрезй ва ғайра.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …