Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нарзиқулов Мудаммадқул

Нарзиқулов Мудаммадқул

Нарзиқулов  Мудаммадқул (таваллуд. 10. 7. 1914, Самарканд), энтомологи советӣ, академики АФ РСС Тоҷикистн. (1966; аъзо-корреспондент.1957), Ҳодими Хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон. (1980). Аъзои КПСС аз соли 1944. Доктори илмҳои биология (1958), профессор(1961). Университети давлатии Узбекистонро (1937) хатм кардааст. Аспирант (1937—40) ва ассистенти университети мазкур (1938— 41); ҳодими хурди илмии филиали тоҷикистонии Институти зоология ва паразитологиям АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1041—42). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1942—43); муаллими калони Институти педагогии Самарқанд (1943—44) ва Университети давлатии Самарқанд (1944— 46), ҳодими калони илмӣ (1946—48); директори Институти зоология ва паразитологияи АФ РСС Тоҷикистон. (солҳои 1948 —68 ва аз 1972), академики котиби шӯъбаи илмҳои биологияи АФ РСС Тоҷикистон, (аз 1967) ва саркотиби илмии Президиуми АФ РСС Тоҷикистон (1968—71).

Нарзиқулов муаллифи зиёда аз 550 асари илмӣ ва илмию оммавист. Олами ҳашароти Тоҷикистон, махсусан ширинчаҳои Осиёи Миёнаро тадқиқ кардааст. Ҳоло ба коркарди тарзу усули ҳимояи биологии ниҳоли пахта аа ҳашаротҳои зараррасон машғул аст. Нарзиқулов аввалин шуда масъалаи дар мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ба ҳисоб гирифтани омилҳои экологиро ба миён гузошт. Нарзиқулов ҳашароти фоидабахши биотсенози пахтазорро аз хама ҷиҳат омӯхта, ба афзоиши ҳашароти зараррасон монеъ шудани онро исбот намуд, ки дар натиҷа барои истифодаи аз меъёр беруни моддаҳои заҳрноки химиявӣ ҳоҷат намемонад. Тадбирҳои пешниҳодкардаи Нарзиқулов аз як тараф муассиру самарабахш бошад, аз тарафи дигар сарфаи иқтисодӣ меоварад ва илова бар ин ба муҳофизати табиат мусоидат мекунад. Ҳоло усули биологии мубориза бар зидди ҳашароти эараррасон дар бисёр колхозу совхозҳои пахтакори республика ҷорӣ карда шудааст.

Нарзиқулов раиси Совети проблемаи комплексӣ оид ба кор кардан ва ҷорӣ намудани усулҳои муборизаи интегратсионӣ ва биологии назди Совети коордииатсионии АФ РСС Тоҷикистон, Сармуҳаррири шуъбаи илмҳои биологии журнали «Известия-и АФ РСС Тоҷикистон мебошад. Ў бо 2 ордеии Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои «Нишони Фахрй», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Тли Вахшской долины, Душанбе, 1054; Фауна Таджикской ССР, т. 9, Тли Таджикистана и сопредельных районов Средней Азии. Душанбе, 1969; Основы интегрированной защиты хлопчатника от вредителей в болезней в Средней Азии, Душанбе 1977.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …