Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нарзиқулов Ибодулло Қосимович

Нарзиқулов Ибодулло Қосимович

Нарзиқулов Ибодулло Қосимович (12. И. 1909, 1973. Душанбе), Самарқанд — 3. 4. иқтисодчии советӣ, акад. АФ РСС Тоҷикистон (1953), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1964). Аъзои КПСС аз соли 1931.

Мактаби олии техникии (ВТУЗ) Ленинград (1931) ва Институти индустриалии Ленинградро (1935) хатм кардааст. Солҳои 1935—37 иқтисодчии Госплан, 1937—38 иқтисодчии грестинони Комиссариати халқии саноати матлубот, 1938—41 иқтисодчӣ, сардори шӯъбаи баплангирӣ ва иқтисодиёти Комиссариати халқи саноати матлубот, 1941—43 ёрдамчии раиси Совети комиссариати халқӣ, 1943—46 раиси Госплани РСС Тоҷикистон, 1946—50 аспиранти Институти иқтисодиёти АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, 1950—51 ҷонишини раиси Президиуми филиали тоҷикистонии АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, 1951—53 академик-котиби АФ РСС Тоҷикистон, 1954—56 ректори Университети Давлатии Тоҷикистон, 1956—57 ҷонишини раиси Совети Вазирони РОС Тоҷикистон, idol 1966 ноиби якуми президенти АФ РСС Тоҷикистон, 1966—68 иҷрокунандаи вазифаи президенти АФ РСС Тоҷикистон, 1968—1973 раиси Совети омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи РСС Тоҷикистон. Нарзиқулов асосан оид ба таърихи саноати Точикистон, қувваҳои истеҳсолӣ ва проблемаҳои ташаккули комплекси минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ тадқиқот бурдааст. Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: В. И. Ленин и развитие производительных сил советского государства. Душанбе, 1969; Проблемы развития производительных сил Таджикистана и формирование Южно-Таджикского территориалного производственного комплекса, Душанбе, 1976.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …