Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нарзибеков Маҳмудбек

Нарзибеков Маҳмудбек

Нарзибеков Маҳмудбек (таваллуд 7. 11. 1919, деҳаи Ворухи райони Исфара, вилояти Ленинобод), ходими давлатии советӣ. Аъзои КПСС аз с. 1945. Институти педагогии ш. Душанберо хатм кардааст (1941). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ  (1941— 45). Солҳои 1945— 46 ҷонишини мудири шӯъбаи Комиссариати халқии РСС Тоҷикистон оид ба корҳои хориҷӣ, 1946—47 ҷонишини мудир, 1947—48 мудири шӯъбаи Вазорати корҳои хориҷии РСС Тоҷикистон, 1948 инспектори шӯъбаи кадрҳои назди КМ ПК Тоҷикистон, 1948—49 мудири сектори органҳои комсомолии шуъбаи партиявӣ, иттифоқи касаба ва органҳои комсомолии КМ ПК Тоҷикистон, 1949—50 котиби якум и Комитети партиявии pайони Кировобод, 1950—54 котиби якуми КМ ЛКСМ Тоҷикистон, 1954— 56 ҷонишини мудири шӯъбаи илм ва маданияти КМ ПК Тоҷ., 1956—60 Котиби якуми комитети партиявии райони Москва, 1960—67 раиси Комитети иҷроияи меҳнаткашони ш. Душанбе, 1967—83 раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон. оид ба меҳнат. Аз с. 1§52 аъэои КМ ПК Тоҷ. Депутати Совети Олии РСС Тоҷ. (даъватҳои 5—10). Бо ордени Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 2), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ* ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …