Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нарочнисий Алексей Леонтевич

Нарочнисий Алексей Леонтевич

Нарочнисий Алексей Леонтевич (таваллуд 16. 2. 1907, Чернигов), муаррихи советӣ, академик АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1972), аъзои ҳақиқии АИП ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1963), профессор (1955), Ҳодими Хизматнишондодаи Илми РСФСР (1972). Аз оилаи хизматчӣ. Аъэои КПСС аз соли 1961.Уиверситети Киевро хатм намуд(1930). Солҳои 1946—60 ҳодими калони илмии Институти таърихи АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, 1949—I 60 мудири кафедраи таърихи нави Институти педагогии ба номи В. П. Потёмкини Москва, 1960—62 мудири кафедраи таърихи нав ва навтарини Институти педагогии ба номи В. И. Ленини Москва. Аз 1962 сармуҳаррири журнали «Новая и новейшая история» солҳои 1974—81 директори Институти таърихи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ-и АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ.

Тадқиқоти Нарочнисий ба масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати мустамликавии давлатҳои Европа ва ШМА дар Шарки Дур, таърихи револютсиаҳои буржуазӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар Европа, сиёсати берунаи Россия (асрҳои 18—19) ва ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, ннчунин таърихшиносӣ бахшида шудаанд. Нарочнисий яке аз муаллифони «Таърихи дипломатия» (ҷилди 1, 1941; Мукофоти давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, 1942; нашри 2, 1959) ва дигар асарҳои илмию китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ мебошад. Зиёда аз 200 асари илмӣ навиштааст. Нарочнисий аъзоя Комиссияи оид ба нашри ҳуҷҷатҳои дипломатӣ дар назди Вазорати корҳои хориҷии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, муҳаррири масъули ҷилдҳои 1—8-и «Сиёсати берунаи Россияи асри 19 ва ибтидои асри 20» (1960—72). Бо орденҳои Револютсияи Октябр (1975), Байрақи Сурхи Меҳнат (1971) ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Колониальная политика капиталистических держав на Дальнем Востоке, 1860—1805, Москва, 1956.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …