Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нармбаданҳо

Нармбаданҳо

Нармбаданҳо, моллюскҳо (Mollusca, аз лот. moliuscus— нарм), як навъи ҳайвонҳои бемӯҳраеро гӯянд, ки қариб 130 ҳазор намудро дарбар мегирад. Нармбаданҳо ба 7 синф тақсим мешаванд: шикампойҳо, моноплакофорҳо, Нармбаданҳои зиреҳакдор, Нармбаданҳои  безиреҳак, Нармбандҳои дутабақа, белпойҳо ва сарпойҳо.

Тахмин мекунанд, ки саравлоди Нармбаданҳо кирмдон камаъзон хордор буданд. Нармбаданҳои ҳафриётӣ аз давраи кембрий маълуманд. Дар ин давра шикампойҳо, Нармбаданҳои дутабақа, сарпойҳо ва ғайра зиндагй мекарданд. Дар давраҳои палеозоӣ ва мезозой бештар сарпойҳо паҳн шуда буданд. Инкишофи шикампойҳо ва Нармбаданҳои дутабақа аз давраи мезозой cap шудааст. Гуногунии сохти гӯшмоҳӣ ва имконияти муқаррар намудани он бо мурури замон дар гурӯҳҳои гуногуни Нармбаданҳо, тағйирёбии онҳо барои ҳалли масъалаҳои алоҳидаи таҳанвули олами ҳайвонот аҳамияти калон дорад.

Нармбаданҳо дар баҳрҳо, обҳои ширин ва дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Бадани Нармбаданҳо дутарафа симметрӣ буда, аз cap (баъзе намудҳои Нармбаданҳо ё умуман cap надоранд ва ё cap дошта бошанд ҳам дуруст шакл нагирифтааст), тана, пойҳо ва гӯшмоҳӣ иборат аст. Дар cap сӯрохии даҳон, дар аксари Нармбаданҳо бошад инчунин мӯйлаби ҳассос ва як ҷуфт чашм ҷойгир шудааст. Тана ҳиҷобе дорад, ки дар ковокии он галсама (дар Нармбаданҳои  хушкигард шуш), узвҳои ҳисси химиявӣ (дар осфоридияҳо), таносул, ихроҷ ва ғаӣра ҷойгир шудаанд. Баъзе шикампойҳо ковокии ҳиҷоб надоранд. Дар ин ҳол ҳиҷоб ва гӯшмоҳӣ каму беш тахфиф шудааст.

Сохт, дараҷаи инкишоф ва функтсияи пои Нармбаданҳо гуногун буда, ба тарзи зиндагии онҳо вобаста мебошад. Баъзе Нармбаданҳо пой надоранд* Пои шикампойҳои шинокунанда (масалан, Нармбаданҳои  белпой) ба як ё ду узви шиноварӣ ва пои сарпойҳо ба қиф, ки инчунин вазифаи узви ҳаракатро иҷро мекунад, табдил ёфтааст. Гӯшмоҳии баъзе Нармбаданҳо  (Нармбаданҳои зиреҳакдор) аз 8 лавҳача, гушмоҳии баъзеи дигарашон (Нармбаданҳои дутабақа) бошад, аз ду табақаи паҳлуӣ иборат аст; гушмоҳии Нармбаданҳои боқимонда яклухт мебошад. Гӯшмоҳӣ аз намакҳои кислотаи карбонат иборат буда, асоси органикӣ дорад ва чун узви муҳофизаткунанда ва такягоҳӣ хизмат мекунад. Наи рўда аз қисмҳои пеш, миёна а қафо иборат аст. Қисми пеши наи рўда даҳону ҷоғҳо, ҳалқ, гадудхои оби даҳон ва сурхрӯдаро, қисми миёна меъдаю ҷигарро ва қисми қафо рӯдаи қафоро дар бар мегиранд.

Нармбаданҳо ба воситаи ктенидияҳо (ғалсамаҳои аввалин) нафас мегиранд. Аксари Нармбаданҳои ҷуфт (моноплакофорҳо) ва Нармбаданҳои зиреҳакдор бошанд якчанд ҷуфт ктенидия доранд. Дар аксари шикампойҳои обӣ фақат якто ктенидияи чап боқӣ мондааст; Дар Нармбаданҳои дутабақа бошад, як чуфт ктенидий ба ду чуфт ғалсама табдил ёфтааст. Дар Нармбаданҳое, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд, ба ҷои ғалсама шуши ҳавои (узве, ки аз ҳисоби ковокии ҳиҷоб ба вучуд омадааст) вуҷуд дорад. Системаи гардиши хуни Нармбаданҳо кушод ё қариб сарбаста (дар сарпойҳо) мебошад. Дилашон дар халтаи надидилӣ ҷойгир буда, одатан як қисми ковокии дуюмини бадан (тселом)-ро ; ташкил медидҳад. Вай аз меъдачаи дил ва як чуфт пешдил иборат аст; дар аксари шикампойҳо фақат як пешдили чап мавҷуд аст. Моноплакорфорҳо ва баъзе сарпойҳо дучуфтӣ пешдил доранд. Узвҳои ихроҷи Нармбаданҳо аз як чуфт гурда иборат мебошад;  дар моноплакофорҳо вай 5—6 ва дар баъзе сарпойҳо (масалан, заврақча)  ду  чуфт ва дар аксари шикамнойҳо фақат якто (гурдаи чап) аст. Системаи асаби моноплакофорҳо ва Нармбаданҳо зиреҳакдору безиреҳак аз камонаки сару ду ҷуфт танаи шикамӣ ва паҳлӯӣ, ки бо бандҳои кӯндаланг боҳам пайваст шудаанд, иборат аст; системаи асаби Нармбаданҳои боқимонда бошад аз гиреҳҳои ҷуфт-ҷуфт бо хатҳои рост ва кӯндаланг бо ҳам пайвастшуда ҳосил шудааст. Вазифаи аъзои ҳисро дар аксари Нармбаданҳо мӯйлабчаҳои cap, чашмҳо ва узвҳои мувозанат иҷро мекунанд.

Нармбаданҳо бо роҳи ҷинсӣ афзоиш мекунанд. Баъзеи онҳо ҷудоҷинса, дигарашон хунсо мебошанд. Сарпойҳо ва аксари шикампойҳо дарунӣ ва Нармбаданҳои боқимонда берунӣ бордор мешаванд.

Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ намудҳои гуногуни Нармбаданҳо зиндагӣ мекунанд. Аз ҷумла дар фаунаи Точикистон Нармбаданҳои хушкигард (қариб 90 намуди шикампойҳо аз 36 ҷинс ва 15 оила) ва Нармбаданҳои обҳои ширин (48 намуди шикампойҳо аз 14 ҷинс ва 10 оила, 13 намуди Нармбаданҳои дутабақа аз 7 чинс ва 4 оила) ва Нармбаданҳои обҳои шӯртаъм (аз оилаи Руг- gulidae ва Pyrgohidrobia, синфи шикампойҳо) ҳастанд. Дар байни Нармбаданҳо ҳайвонҳои барои одам фоидабахш ва зарарнок бисёранд. Ба Hармбаданҳои фоидабахш устритса, калмар, мидия ва ғайра мисол шуда метавонавд. Аз баъзе Нармбаданҳо садаф, марворид ва дигар ашёи қиматбаҳо мегиранд. Дар дунё ҳар сол қариб 7,5 млн сентнер Нармбаданҳои гуногунро медоранд, ки аз онҳо консерва ва дигар маҳсулоти хӯрокӣ тайёр мекунанд. Баъзе Нармбаданҳо (масалан, кирми киштӣ) ба иншооти зериобӣ ва киши баъзеи дигарашон (масалан, туқумшуллук) ба растаниҳо зарар мерасонанд. Як қатор Нармбаданҳо гелминтози одам ва чорворо ба вуҷуд меоранд. Барои бо Нармбаданҳои зараровар мубориза бурдан заҳрҳои химиявии махсус — моллюскотситҳоро истифода мекунанд. Тасвир дар саҳифаҳои 96—97.

Ад.: Жадин В. И., Моллюски пресных и солоноватых вод ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, Москва— Ленинград, 1952; Лихарев И. М., Р а м м ел- мей с т е р В. С., Наземные моллюски фауны ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ. Москва—Ленинград , 1952; Изатуллоев 3., Материалы к изучению наземных моллюсков Гиссарского хребта и сопределных районов Таджикистана, «Изв. АН Таджикской ССР», отдел биологических наук, 1970, №2; Викторов Д. П. и другие Биология: Учебное пособие для слушателей подготовителных отделений вузов, Москва, 1981.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …