Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Наримонов Наримон

Наримонов Наримон

Наримонов Наримон Корбалай Наҷаф ӯғлӣ (14. 4. 1870, Тбилиси,—3. 1925, Москва], ҳодими давлатӣ ва партиявии советӣ, навасанда, публитсист. Аз оилаи савдогари майда. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1905. Семинарияи муаллимии Гори (1890) ва факултети тиббии Университети Новороссийскро (Одесса, 1908) хатм кард. Дар Боку, Тбилиси муаллим ва баъдтар дар ин шаҳрҳо духтур шуда кор кард.

Соли 1905 аъзои ташкилоти сотсиал-демократии «Гуммет» шуда, бо фаъолияти публитсисти машғул гардид. Программаи РСДРП-ро ба забони озарӣ тарҷума кард. Соли 1909 ҳабс ва ба Астрахан бадарға шуд. Аз соли 1913 дар Боку кори партиявӣ мебурд. Соли 1917 раиси комитети «Гуммет» ва аъзон Комитети бокуии РСДРП (б), муҳаррири газетаи «Гуммет*. Баҳори 1918 комиссари хоҷагии шаҳрии СКХ Боку. Аз соли 1919 мудири шӯъбаи Комиссариати халқии корҳои хориҷии РСФСР оид ба шарқи Наздик, ҷонишини комиссари халқии РСФСР. Соли 1920 раиси Комитети револютсиоиии Озарбойҷон, раиси СКХ-и РСС Озарбойҷон. Аъзои хайати вакилони советӣ дар Конферентсияи Генуя (1922). Аз соли 1922 раиси Совети иттифоқии РСФСЗ ва яке аз раисони КИМ-и ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ. Аъзои Бюрои кавказии КМ РКП (б) ва Комитета кишварии партиявии Закавказия. Вакили съездҳои 12-ум (1922) ва 13- уми РКП (б) (1924), ки дар ин съездҳо номзад ба аъзогии КМ интихоб шуда буд.

Наримонов асосгузори нахустин дар Озарбойҷон китобхонаи халқии китобҳои озарӣ мебошад (1894); муаллифи китобҳон дарсии забони озарӣ ва русӣ; мутардими «Ревизор»-и Н. В. Гогол. Драмаи «Ҷаҳолат 1894), мазҳакаи «Шодмонбек» 1895), аввалин фоҷиан таърихӣ дар адабиёти Озарбойҷон — «Нодиршоҳ* (1899), ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд, сохти феодалиро фош мекунанд. Дар романи реалистии «Баҳодур ва Сона» (қисмхои 1—2, 1896), ки ба муҳаббати нофарҷом бахшида шудааст, муаллиф таассуб ва хурофотро  маҳкум кардааст. Наримонов дар мақолаҳои адабию танқидии худ ба масъалаҳои реализм дахл кардааст. Муаллифи ёддоштҳо дар бораи В. И. Ленин. Дар Майдони Сурх дар назди девори Кремл мадфун аст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …