Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нархи яклухт

Нархи яклухт

Нархи яклухт дар давраи сотсиализм, нархеро гӯянд, ки аз рӯи он муассиса ё ташкилоти савдо маҳсулоташро ба дигар муассиса ва ташкилот мефурӯшад. Дар иқтисодиёти сотсиалистӣ Нархи яклухт дар дохили сектори давлатӣ, инчунин дар байни муассисаҳои давлатӣ ва кооперативӣ амал мекунад; Нархи яклухт ба маҳсулоти саноат (ғайр аз қувваи электр, энергияи гармӣ) гузошта мешавад.

Нархи яклухт ду навъ аст: нархи муассисавӣ ва нархи саноатӣ. Нархи яклухти муассисавӣ арзиши плании байнисоҳавиро дар бар мегирад, ки он аз хароҷоти истеҳсол ва фурӯши ин ё он маҳсулот, инчунин аз миқ- дори муайяни даромаде иборат аст, ки кори муътадили муассисаро таъмин менамояд. Муассисаҳо маҳсулоташонро аз рӯи Нархи яклухти муассисавӣ ва ташкилотҳои савдо бо Нархи яклухти саноатӣ мефурӯшанд. Аз аксари воситаҳои истеҳсолот андози гардиш ги- рифта намешавад. Миқёси таъсири нархҳои яклухт низ ҳархела мешавад.

Ба як навъи маҳсулот Нархи яклухти умумииттифоқӣ, ба дигари он ноҳиявӣ ва минтақавӣ муқаррар мекунанд. Нархи яклухти умумииттифоқӣ ба маҳсулоте муқаррар карда мешавад, ки фарқияти арзиши аслии ин дар ноҳияҳои гуногуни мамлакат ва хароҷоти кашондани он (ресмон, матоъ, пойафзол, намудҳои зиёди мошин ва ғайра) нисбатан кам аст. Нархи яклухти минтақавӣ ё ноҳиявӣ ба молҳое муқаррар карда мешавад, ки вазни қиёсии хароҷоти нақлиёт баланд буда, арзиши аслии онщо дар нощиящои гуногуни мамлакат ноустувор мебошад (ангиштт, маҳсули нефт, семент, чӯб, баъзе хӯроквориҳо ва ғайра). Нархи яклухт доимӣ (вақти амали он пешакӣ муайян карда намешавад) ва муваққатӣ мешавад.

Дар баъзе соҳаҳои саноат (семент ва ғайра) барои молистеҳсолкунандагон Нархи яклухти ҳисоби умумӣ ва барои молистеъмолкунандагон Нархи яклухти ягона ба кор бурда мешававд. Агар дар байни арзиши аслии маҳсулот ва Нархи яклухт тафовуте бошад, пас онро баъзан аз ҳисоби дотатсияи бюҷети давлатӣ пурра мекунанд. Кам кардани арзиши аслии маҳсулот ва афзоиши андӯхт дар хоҷагии халқ барои паст шудани Нархи яклухт мусоидат мекунад. Барои ба арзиши маҳсулот наздик шудани Нархи яклухт ислоҳоти нархҳои яклухт гузаронида мешавад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …