Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нархи тиллоӣ

Нархи тиллоӣ

Нархи тиллоӣ, нархи молеро гӯянд, ки бо тилло ифода ёфтааст. Вақте ки қурби сӯм ва тилло баробар буд, байни нархи муқаррарии мол ва нархи тиллоии он ҳеҷ гуна фарқе набуд. Пас аз он, ки стандарти тилло, яъне мувофиқати қурби сӯм ва арзиши тиллоии он барҳам хӯрд, байни нархи тилло ва нархи муқаррарии мол фарқият пайдо шуда, ин сабаби харидуфурӯши озоди тилло ва пай дар пай паст шудани қурби валютаи мамлакатҳои капиталистӣ мебошад.

Қурби валютаи мамлакатҳои капиталистӣ ба сабаб- ҳои гуногун доимо кам мешавад, ки ин боиси вазнин шудани аҳволи меҳнаткашон ва доимо баланд шудани нархи молҳои серистеъмол мегардад. Дар гардиши мол дар бозори дохилӣ Нархи тилло тақрибан ҳеҷ таъсир надорад. Фақат дар савдои байналхалқӣ баъзан харидуфурӯш бо нархи тиллоӣ ба амал оварда мешавад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …