Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нархи монополӣ

Нархи монополӣ

Нархи монополӣ, нархи молеро гўянд, ки ИТТИХОДИЯҲОИ монополистӣ ба фоидаи худ муайян мекунанд. Нархи монополӣ ҳодисаи умумӣ ва қону-нии империализм буда, монополияҳо истеҳсол ва фурӯши молро ба ихтиёри худ мегиранд ва мувофиқи хости худ нарх мегузоранд. Нархҳои баланд ва пасти монополӣ мавҷуданд. Монополияҳо маҳсулоти худро бо нархи баланд мефурӯшанд, ки он нисбат ба нархи истеҳсолӣ хеле зи- ёд аст. Аммо худи монополияҳо ашёи хом ва маҳсулотро бо нархи паст мехаранд.

Ба воситаи Нархи монополӣ монополияҳо мамлакатҳои тобеъ, меҳнаткашон ва истеҳсолкунандагони майдаи мамлакати худро ғорат мекунанд. Бинобар ин дар Нархи монополӣ манфиати синфҳои гуногун ва гурӯҳҳои иҷтимоии ҷамъияти капиталистӣ омезиш ёфтаанд, пасту баландшавии нархи монополӣ боиси тезутундшавии зиддиятҳои империализм мегардад. Нигаред низ Нарх.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …