Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нархи ҷаҳонӣ

Нархи ҷаҳонӣ

Нархи ҷаҳонӣ ифодаи пулии нархи интернатсионалии (ҷахонии) истеҳсолотро гӯянд, ки дар бозори ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст. Шароити истеҳсоли миқдори асосии молҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш меравад, нархи интернатсионалии истеҳсолотро муайян мекунад. Дар шароити капитализмӣ ҳозира оид ба Нархи ҷаҳонӣ амалиёти бузурги тиҷоратии экспортӣ ё импортӣ гузаронида мешавад, ки он характери мунтазам дошта, пардохтро дар шакли валютаи озодконверсияшаванда пешбинӣ мекунад.

Гузариши капитализмӣ рақобати озод ба капитализми монополистӣ ва давлатию монополисти ҷудоии нархи дохилиро аз нархи тиҷоратии берунаи онхо боз ҳам шиддат дод. Барои мамлакатҳои саноаташ тараққикардаи капиталистӣ нисбат ба Нархи ҷаҳонӣ баландшавии нархи дохилӣ хос аст, ки ин сабабҳои гуногун дорад. Муҳимтарини онҳо нарху навои дохилиро баланд бардоштани монополияхое, ки бозори дохилиро монополия намудаанд, нисбат ба бозори берунӣ ва тадбирҳои протексионии ҳукумати буржуазӣ мебошад. Дар мамлакатҳои навтараққӣ аз сабаби махсусгардонии истеҳсоли яктарафаи якчанд хели молҳо нархи дохилӣ нисбат ба Нархи ҷаҳонӣ паст мебошад, ки ин ба монополияҳо барои ба манфиати худ истифода бурдани қисми зиёди фарқияти нархҳо имконият медиҳад.

Дар марҳалаи ҳозираи буҳрони умумии капитализм дар зери таъсири омилҳои ҳам иқтисодӣ ва ҳам ғайрииқтисодӣ дифферентсиасияи нархҳо дар тиҷорати байналхалқӣ меафзояд.

Нархҳои бозори сотсиализми ҷаҳонӣ аз Нархи ҷаҳонӣ ҷудо ташаккул намеёбад. Мувофиқи ин нархҳо байни мамлакатҳои сотсиалистӣ ва капиталистӣ савдо карда мешавад. Ғайра аз ин, онҳо ҳангоми ташаккули нархҳои савдои байни мамлакатҳои сотсиалистӣ ҳамчун асос мешаванд. Дар ин ҳолат Нархи ҷаҳонӣ тавре муқаррар карда мешавад, ки таъсири омилҳои дарозмуддат, ки бо дуршавии онҳо аз нархи истеҳсолоти ҷаҳонӣ (масалан, ҳар гуна шартномаҳои монополӣ) мусоидат мекунад, инчунин таъсири омилҳои конъюнктурӣ ва ҳаннотӣ ба қадри ҳол бартараф карда шавад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …